Хӯриши «Анкабут»
23.01.2026
Oila.tj
44

Маҳсулоти лозима:

Гӯшти мурғ, 2 помидор, 2 тухм, 150 грамм панири сахт, 180 грамм писта, 1 бодиринг, 200 грамм майонез.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғу тухмро дар об пухта, аз устухону пӯсташ ҷудо ва чоркунҷа реза кунед. Пистаро майда намуда, панирро аз турбтарош гузаронед. Помидору бодирингро чоркунҷа реза кунед. Аввал гӯшти мурғро ба табақ тунук карда, майонез молед. Аз болояш тухмро тунук карда, майонез молед, сипас бодиринг ва баъди он панир, майонез, помидорро болои ҳам тунук карда, хӯришро бо майонез ба шакли хонаи тортанак оро диҳед ва пистаи кӯфта пошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД