Маҳсулоти лозима:
Гӯшти гов - 250 грамм
Картошка - 2-3 дона
Сабзӣ - 2 дона
Тухм - 2 дона
Майонез
Барои ороиш:
Донаҳои анор
Укроб
Тарзи таҳия:
Дар аввал гӯшти гов, картошка, сабзӣ ва тухмро дар об меҷӯшонем. Сипас, ҳамаашонро аз тарошак гузаронида, дар зарфи хӯришгирӣ дар байнаш истакон гузошта, картошкаро мечинем ва намак пошида майонез мекунем. Гӯшти резакардашударо аз болояш мегузорем ва майонез мекунем. Сабзиро аз болояш мечинем ва майонез мекунем. Баъдан, тухмро низ аз тарошак гузаронида, дар болояш мечинем ва майонез мекунем. Дар болояш укроб мегузорем ва донаҳои анорро мечинем. Хӯришро дар соли нав барои оилаатон омода кунед ва хони солинавии худро зебо оро дода, атмосфераи соли навӣ кунед.
Бо иштиҳо бошед!