Sebiston new 2024 october
Хотири фарзандонам дубора бо шавҳарам никоҳ кунам?
03.12.2022
Mahina
1060


Мадина ҳастам, аз як ноҳияи тобеи марказ. Бо шавҳарам 5 сол қабл оила бунёд намуда, дар ин муддат соҳиби 2 фарзанд шудем.

Бо сабаби он ки дар Ватан кори аниқ надораду чандин сол тавассути муҳоҷират маблағ ба даст меорад, айни замон дар Русия қарор дораду ман бо волидонаш зиндагӣ мекунам.

Зиндагӣ бе мушкилӣ намешавад ва занҳое, ки бе шавҳар фарзанд ба воя мерасонанд, ҳолати маро хеле хуб дарк мекунанд. Зиндагӣ дар оилаи калон ва набудани шавҳар барои занҳои фарзанддор хеле душвор аст.

Баъзе мардҳо гумон мекунанд, ки вазифаашон танҳо пул фиристодан асту дигар мушкилоти зиндагиро бояд пурра зан бар дӯш дошта бошад. Фикр намекунанд, ки кӯдакон ташвишу ғамхории зиёдеро талаб мекунанд.

Ман мефаҳмам, ки муҳоҷират низ барои мардон осон нест, вале бо ду кӯдаки хурдсол асабҳоям хаста шудаанд.

Чанд маротиба бо шавҳарам тавассути телефон гапамон гурехта бошад ҳам, боз оштӣ мешудем, вале дафъаи охир гапамон баланд рафту шавҳарам маро дар сари қаҳр 3 талоқ кард.

Ростӣ, ин гапро то ҳол ба касе нагуфтаам, зеро фарзандонамро ятиму дар ба дар кардан намехоҳам. Бо ду фарзанд на дар хонаи волидонам ҷо мегираму на дар ҷои дигар.

Шавҳарам аз гапи гуфтааш пушаймон шудаасту мегӯяд, ки талоқи телефонӣ раво нест ва мо метавонем зиндагиамонро давом диҳем. Аз нафароне, ки дар ин масъала маълумоту фаҳмиши бештар доранд, хоҳиш менамоям маслиҳати худро дареғ надоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД