Аз ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм 80 сол пур мешавад. Дар он ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо мардони бонангу номуси тоҷик иштирок намуда, ҷоннисориву қаҳрамониҳои зиёде нишон додаанд ва барои ғалаба ба даст овардан саҳми бузург гузоштаанд.
Хабарнигории сомонаи Oila.tj дар арафаи Иди Ғалаба ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нозим Носирови 100-сола рафт, то аз ҳаёти талху давраи сангини замони ҷанг қисса кунад.
Наврасе, ки ба ҷанг рафт...
Нозим Носиров соли 1925 дар деҳаи Навободи ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Мавсуф ҳанӯз 15 сол дошт, ки аз падар маҳрум мемонаду ҷанги хонумонсӯз оғоз меёбад. Қаҳрамони мо дар ин синну сол ба ҳифзу ҳимояи Модар- Ватан меравад. Ӯро ҳамроҳи 16 нафар ҳамдеҳагонаш ба мактаби ҳарбии вилояти Самарқанд мебаранд.
"Дар мактаби ҳарбии вилояти Самарқанд мо як муддат усулҳои ҷангро омӯхтем. Моро дар он ҷо бо либосҳои ҳарбӣ таъмин намуда, баъди омӯзиши кӯтоҳмуддат ба ҷанг сафарбар карданд. Вазифаи ман дар ҷанг пулемётчӣ буд. Ҷанг беист давом мекард. Шабонгоҳон бо навбат 2 соати дар ҳолати омодабош хоб мекардем, агар мабодо садои тиру туфанг шунида шавад боз ҳама мавқеъҳои худро мегирифтем. Ҳар лаҳзаи ҷанг азоб буд, бо вуҷуди ин, ҳама аз як гиребон сар бароварда меҷангидем, то ғалаба ба даст орем,"-аз замони наҳси ҷанг қисса кард ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо бар зидди фашизм то Финландия, Ҷопон ва Олмон ҷангидааст. Ӯ бо тири пулемёташ ҳазорҳо душманро торумор намуда, ҳазорҳои дигарро захмӣ кардааст.
Бобои Нозим дар рафти ҷанг ду маротиба аз гардан ва дасташ захм бардошта дар госпитал (беморхонаи ҳарбӣ) хобидааст. Захмҳоро "ҷароҳати сабук" ташхис гузошта, ӯро боз ба ҷанг сафарбар кардаанд. Алҳол қаҳрамони мо маъюби гурӯҳи дуввум мебошад.
Боварнокарданист, вале ҳақиқат!
Нозим Носиров мегӯяд, боре дар натиҷаи шикастани яхпораҳо оби дарё баланд шуда, ҳазорҳо душман ва ҳазорҳо сарбозони артиши Шӯравӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо сарбозон дар фасли зимистон азоби бештар мекашиданд, зеро барф то зону мебаромаду роҳ рафтан душвор буд. Бар замми ин ҷое набуд, ки худро гарм карда пойафзолу либосҳоро хушк созанд.
"Вақте замони ҷангро ёд меорам, дар баданам мурғак медамаду аз чашмонам ашк мешорад. Манзараи даҳшатбори ҷанг, ҷасади ба хоку хун оғуштаи ҷавонони аз ширинии ҳаёт лаззат набурда пеши назарам меояд. Як нафарро мебинед, ки захм бардоштааст, каси дигар аз пояш маҳрум, саввумин бошад дар ҳоли ҷонканӣ қарор дорад. Лаҳзаҳое, буд, ки ҳатто нони хушк барои хӯрдан набуд. Шояд ба воқеаҳое, ки мо аз замони наҳси Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд меорем бовар накунед, оре боварнакарданист, вале ҳақиқат аст!",-гуфт қаҳрамони мо. Назар ба гуфти ҳамсӯҳбатамон сирри ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм дар иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шӯравӣ буд, зеро ҳама аз як гиребон сар бароварда меҷангиданд.
Бобои Нозим мегӯяд ба ин давраи сериву пурӣ, тинҷиву оромӣ ва субҳи бо сулҳу шоми ба салоҳ ҳазорҳо не, ҳар лаҳза бояд шукр кард.
Модари чашм ба роҳ
Замоне, ки Нозим Носиров ба ҷанг рафт, модараш бо се духтари хурдсол танҳо монда буд. Бори вазнини зиндагӣ дар он давраи сангин ба дӯши модари танҳо буд. Модараш Ойимҷон Шарипова дар колхоз кор мекарду қути лоямуте ёфта, духтаронро мехӯронд ва ҳатто барои рӯзи мабодо захира мекард, зеро аз зинда баргаштани писараш умеде набуд.
"Модарам ба хоҳаронам кам-кам нони ҷавин ё мулкак (донагие, ки бо гандум ҳамроҳ карда орд мекунанду нон мепазанд) медодаанд. Аксар вақт ба ҷойи хӯрок атола мехӯрдаанд. Хоҳаронам мегӯяд, модарам моро намегузошт, ки дар хона хоб кунем. "Писарам дар гарму сард меҷангад, мо дар хона хоб намекунем" мегуфтаанд модарам,"- иброз дошт қаҳрамони мо.
Ойимҷон Шарипова ду маротиба писарашро кофта ба вилояти Самарқанд рафтааст. Ӯ нон ва меваҳои хушк гирифта пиёда ба аёдати писар меравад, вале писарашро ёфта наметавонад. Нонҳои ҷавини бурдаашро ба сарбозон тақсим мекунад. Билохира соли 1945 баъди ғалаба писараш бо сари баланд ба деҳа бармегардад.
"Модарам барои фурӯхтани тухм ба бозорчаи ҷамоат мераванд. Вақте хабари зинда баргаштанамро мешунаванд як сатил тухмро ба аҳли бозор ҳадя мекунанд. Модарам 5 сол чашм ба роҳ дар интизории ман буданд. Фикр мекунам занону бонувон ҳатто маъюбон дар замони ҷанг қаҳрамонӣ нишон доданд. Кӯдакони гаҳвораи замони ҷангро қаҳрамон гӯем ҳам, хато намекунем, зеро ҳама азобу уқубати ҷанги хонумонсӯзро бо сабру шикебоӣ таҳаммул намуда, бо меҳнати шабонарӯзӣ фронтро таъмин карданд. Агар мо дар майдони ҷанг бар зидди фашизм биҷангем, онҳо зидди гуруснагиву қашшоқӣ мубориза мебурданд,"- гуфт бобои Нозими 100 сола.
Қадрдонии иштирокчиёни ҷанг
Нозим Носиров барои қаҳрамониҳояш дар майдони ҷанг бо медали "Ғалаба бар Германия", медали "Ҷанги Бузурги Ватании соли 1945", медал "Барои хизматҳои шоён", медали "Сталин" ва 8 медали ҷашнӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби ҳукумати ноҳияву вилоят дар ҳар иду ҷашн, хоса Иди Ғалаба аёдаташ меоянд. Соли гузашта бахшида ба рӯзи Иди Ғалаба мукофоти пулии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг Нозим Носиров дастрас гардида буд.
Қаҳрамони мо имрӯзҳо дар ҳалқаи 10 фарзанд (аслан соҳиби 11 фарзанд, вале 1 нафарашон вафот кардааст), 60 набера ва 20 абера давраи пирӣ меронаду барои сулҳу салоҳи абадии кишвари азизамон Точикистон ва тинҷиву оромии кулли ҷаҳон дуо мекунад.