Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ (1-уми декабр), ЮНЭЙДС - Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО\БПНМ таъкид мекунад, ки барои хотима додан ба эпидемияи БПНМ то соли 2030, эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамаи одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ё таҳти хатари ба он мубтало шудан ҳастанд, муҳим аст.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли 15 соли охир ҷаҳон дар самти коҳиш додани таъсири манфии ВНМО ба пешравиҳои бузург ноил гардидааст:
Дар соли 2023, дар саросари ҷаҳон, қиёс ба 7,7 миллион дар соли 2010-ум 30,7 миллион нафар муолиҷаи наҷотбахшро мегирифтанд - 77% аз шумораи умумии онҳое, ки имрӯз бо ВНМО зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин давра, дар натиҷаи дастрасӣ ба табобат, шумораи фавтидагон аз БПНМ 51 фоиз коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин пешравиҳо, дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз соли 2010-ум 20% афзоиши сироятҳои нави ВНМО ва 34% афзоиши фавти марбут ба БПНМ ба қайд гирифта шудааст.
Гузориши нав бо номи "Интихоби роҳи ҳуқуқи башар", ки аз ҷониби ЮНЭЙДС дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ нашр шудааст, таъкид мекунад, ки риояи ҳуқуқҳо роҳи вокуниши қавӣ ва устувор ба ВНМО мебошад.