Arzon march 2024
ХОСИЯТ ОРТИҚОВА БА НАФАҚА БАРОМАД
1426

 

Хосият Ортиқова, овозхони 60-солаи тоҷикро бо далели ба нафақа баромадан аз кор озод кардаанд. Ӯ дар ансамбли “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъоляит мекард.

“Маро ҳамчун нафақахӯр аз кор гирифтанд, ҳарчанд зарфияти кор карданро доштаму дорам”,-гуфтааст бону Ортиқова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Ҳамчунин, аз 14 зани рӯбобнавоз, ки дар ансамбли “Чаман” кор мекарданд, ҳудуди 9 нафарашон дар пайи аттестатсия ё санҷиши дохилӣ бо далели ҷавобгӯ набудани сатҳи касбияташон ба талабот аз кор ронда шудаанд. “Гап дар бораи касбият меравад. Сатҳи касбияташон ба ҳамон ансамбл ҷавобгӯ нест. Имрӯз касбият бояд баланд бошад”,-гуфтааст Ҷамшед Эргашов, муовини аввали мудири Фидармонияи давлатии Тоҷикистон. Занҳои рӯбобнавоз гуфтаанд, “агар сатҳи касбияташон ба талабот ҷавобгӯ набуд, пас чӣ гуна давоми зиёда аз 30 сол дар ин ансамбл кор карданд?”

Барканории Хосият Ортиқова ва чанд зани рӯбобнавоз аз ансамбли “Чаман”дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овардааст. Корбарон мегӯянд, набояд ҳунармандонро дар дами пирӣ бо чунин сардӣ аз вазифа озод мекарданд. “Чаман” яке аз ансамблҳои шинохта дар Тоҷикистон буда, аз оғозикораш беш аз 80 сол пур мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД