Асп ҳамоно ду чашмашро аз чормағз намеканд, тахминан баъди гузаштани 10 дақиқа ҳарорати бадани асп ончунон гарм шуд, ки арақ аз баданаш баромада, ба замин мечакид.
Содиқ дасташро ба шиками асп бурда аз гармии бадани вай дар ҳайрат монд. Одил банди аспро ба тарафи дигар кашида гуфт:
-Содиқҷон, чизе, ки дар ин ҷо ҳаст, аз асп бақувватӣ кард, барои ҳамин натавонист ба он наздик шавад. Асп пурзӯртар мешуд, онро мағлуб мекард ва он гоҳ метавонист ба пеш ҳаракат кунад. Ин сирро ба ман падарам гуфта буданд. Барои ҳамин ҳам мардум, асп дев дорад мегӯянд.
-Одил, дирӯз барои натарсидани ҳамсарам ба хона саг оварда будам. Ҳамин ҷоро муносиб дониста онро бастам. Ҷонвари бечора шаб хеле аккос зад. Фикр кардам барои иваз шудани ҷояш аст, аммо, саҳар аз хоб хеста дидам, ки саг мурдааст.
- Ё тавба... Содиқҷон ба саратон балое наомада ин даргоҳро тарк кунед. Худо худаш нигаҳ дораду....
-Рост мегӯед Одил, худи пагоҳ ба кофтани хонаи нав шурӯъ мекунам.
ххххххххх
-Содиқҷон аз ҳамин хонаи бехосият равем. Боз ба сарамон ягон бало наояд,-гирён зорӣ мекард Зарифа.
-Меравем азизам, меравем. Фақат ту гиря накун. Ҳоло ҳамааш хуб мешавад.
Содиқ Зарифаро ором мекард, аммо ба сари худаш ҳам ҳар хел фикрҳои бад меомад. "Не-не, ман натарсиданам лозим, агар ман ҳам тарсам, зану фарзанди ҳанӯз таваллуд нашудаам, ба дасти кӣ мемонад?! – бо ҳамин фикрҳоро ӯ сар ба болини хоб гузошт.
Содиқ хоб медид. Дар хобаш ӯ дар хонаи торике қарор дошт, ки дараш аз берун маҳкам буд. Ҳарчанд дод зада кӯмак мехост, касе ба додаш намерасид. Ногоҳ аз қафо як марди сиёҳҷомаи кулоҳдор пайдо шуда ба китфаш тап-тап зад. Содиқ ба қафояш нигоҳ карду аз тарс чунон сахт дод гуфт, ки аз овози ӯ Зарифа ҳам аз хоб бедор шуд.
- Содиқ, Содиқҷон, чӣ гап шуд, тинҷӣ аст?
-Ҳеҷ гап не, хоби бад дидам. Хавотир нашав, хоб кун азизам.
Саҳар Зарифа аз шавҳараш иҷозат хост, то хонаи волидайнаш равад. Содиқ иҷозат доду ба кор рафт.
Вай нисфирӯзӣ аз кор баргашта, беихтиёр тамоми хонаро аз назар гузаронид. Пояш худ аз худ ӯро ба ҳамон утоқи торике, ки танҳо як дар дошту халос мебурд. Содиқ ба хона даромада чароғро гирён кард, мммо, чароғ равшан нашуд. Ӯ болои миз баромада лампаро тоб дод, ки равшании он хонаро дар як лаҳза мунаввар кард. Баъдан аз болои миз худро ба замин ҳаво дод, ки ба гӯшаш садои даппи расид. Содиқ аз нав ба ҳамон ҷое, ки садо баромада буд, ду-се маротибаи дигар зад. Садо такрор шуд. Дар ин садо як навъ холигиро ҳис карда, қолинро бардошт ва чашмаш ба даричаи чӯбини хурде афтид. Содиқ даричаро оҳиста кушод. Дар таги он боз як даричаи оҳании дигар низ буд. Ин дарича махсус барои даромадан ба таҳхона гузошта шуда буд. Содиқ даричаро кушода, чароғи таҳхонаро равшан кард ва оҳиста ба поён фаромад ва дар болои курсӣ скелети сиёҳҷомаи кулоҳдорро дида аз тарс бо тамоми овоз дод гуфт. Аъзои баданаш дарақ-дарақ ларзад ҳам, вай худро мрад гирифта, оҳиста-оҳиста ба он наздик шуд. Дар болои миз як дафтари кӯҳнаи муқовасахт меистод. Содиқ чашм ба дафтар дӯхт. "Хотироти Темур Ҳаким касе нахонад!!!" наившта шуда буд дар рӯйи дафтар.
Содиқ ба огоҳии муаллиф нигоҳ накарда, дафтарро кушод. Баробари кушодани он дарҳо тараққосзанон пӯшида шуданд. Аз тарсу ҳароси зиёд дафтан аз дасти содиқ афтид...
Ҳамин вақт Зарифа ба хона даромада омад ва "Содиқ ҳоло ҳам аз кор барнагаштанд-ку”- гӯён ба тоза кардани хона даромад.
Шом шуд, вале ҳанӯз ҳам аз Содиқ дарак набуд. Ба дили Зарифа ғул-ғула афтода, аз тарсу ҳарос боз ба хонаи модараш равон шуд.
хххххххх
Содиқ даричаи оҳании таҳхонаро кушода натавониста, ночор “ин дафтари ҳамин скалет будагист-да. Ба назари Зарифа ҳам шабаҳи ҳамин мард намудааст”-гӯён, ба хондани дафтари хотироти Темур Ҳаким даромад.
“Ман Темур Ҳаким, корманди вакзали роҳи оҳан. Мо ҳаёти орому осуда доштем ва хушбахту хурсанд зиндагӣ мекардем. Ҳамсарамро хеле дӯст медоштам, дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе ӯ ба ман хиёнат мекунад.
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)