Formula novemver 2024
ХОНААТ СӮЗАД, БОЙБАЧА!
09.04.2021
ОИЛА
5706


Бойбачаи пулмасте ба духтарам ошиқи зор шуда, хостгор фиристод. Намехостам, ки ҷигарбандам дар зиндагӣ танқисию хорию зорӣ кашад, бинобар ин, бо умеди он, ки дар оилаи сарватмандон гули чизро хӯрдаю гули чизро пўшида хушбахттарин зани дунё мешавад, дарҳол розигӣ дода, ин ду љавони дилдодаро бо ҳамдигар фотиҳа кардем.

Қудоҳо аз рӯзи аввал бо таънаю писхандашон диламро сиёҳ карданд. Рўирост ба ҳоли хонаю дари камбағалонаи мо механдиданд хешовандони домод, вале хотири фарзандам лабамро зери дандон гирифта, чизе нагуфтам. Домод, ки ошиқи зори духтарам буд, боварӣ доштам, ки баъди тўй ба даҳони хешу табораш мӯҳр мезанад ва намегузорад, ки азизи дилашро бо зањри забон озор диҳанд.

Хуллас, рўзи тўй ҳам фаро расид ва домоду пайвандонаш барои бурдани арӯс омаданд. Аз нигоҳҳои норозиёнаашон аён буд, ки хешовандони домод аз ин васл хурсанд нестанд. Ба ҳама нозу нузу қошу қавоқашон тоқат намуда, духтарамро бо обрӯ гусел намудем. Пас аз чанд рузи тўй фарзандамро хабаргирї рафтам. Духтарам бо авзои парешону чашмони мањзун маро пешвоз гирифт. Аз чењрааш маълум буд, ки дар ин хонаи боњашаммат хушбахт нест. Сабаби озурдагиашро пурсидам. Гиря карда гуфт, ки пайвандони домод қишлоқии нодидаю камбағали чашмгурусна гуфта, як луқма нони мехўрдаашро дар баданаш заҳр мекунанд. Дилам аз шунидани ин гап хун шуда бошад ҳам, духтарамро насиҳат кардам, ки тоқат кунад, њамааш хуб мешавад.
Ҳамин тавр духтарам як солро бо азобу шиканља дар он зиндони тиллоӣ пушти сар кард. Хушдоманаш ба њар кораш эрод гирифта, ҳамеша байни духтараму домод оташи ҷангу ҷидолро аланга медод ва арӯсаки бегуноҳро зери мушту лагад мемонд. Ин сарватмандони худобехабар аз пулу молашон болида, духтари маро танҳо барои камбағалии падару модараш чашми дидан надоштанд. Духтарамро як сол пас талбон оварданд ва падараш ранҷу азобҳояшро дар хонаи бойбача шунида, дигар нагузошт, ки пою қадамашро ба он зиндон гузорад.
Ба хонандагони сомонаи Оила гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ орзуи домоди бой накунед, зеро барои хушбахтӣ боигарӣ не, меҳру муҳаббат ва одамгарӣ лозим аст.
Беҳуда нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Модари ғамдида Нигорамоҳ Абророва

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД