Салом! Шаби гузашта хоби баде дидаму манзараи дидаам то ҳол аз пеши назарам дур намешавад. Дар хобам борони сел мебориду аҳли оилаамон бо даҳшат гиряву нола мекарданд. Ҳарчанд кумак хостем, касе ба додамон нарасид ва сел хонаамонро пурра вайрон кард. Мегӯянд, ки борону сел дар хоб оби дида аст, аз ҳамин хотир сахт дар ташвиш ҳастам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
МОҲИСТОН, сокини шаҳри Норак
Посух:
- Сел дар хоб ба таври гуногун таъбир карда шудааст. Аз ҷумла ғайбдони машҳури олам Ванга селро нишонаи саршавии давраи душвор дар ҳаёти шахси хобдида номидааст. Аммо таъбири хоб ба ҷинси шахси хобдида вобастагии зиёд дорад.
Мард сел хоб бинад, дар ҷойи кораш бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Эҳтимол гапаш бо роҳбари корхона мегурезад ё касе аз ҳамкорон дар сари роҳи ӯ чоҳ канданӣ шуда, ягон бадӣ мекунад. Аммо зан хоб бинад, ки борони сел борида, манзилаш вайрон шудааст, бо бозиҳои тақдир рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Таъбири хоби зан метавонад ҷангу ҷанҷоли оилавӣ ё фош гаштани хиёнати шавҳар бошад.
Кас хоб бинад, ки худи ӯро сел бурдааст, ба мушкилоти иқтисодӣ дучор гашта, аз бепулӣ азият мекашад. Чунин хоб метавонад аз оғоз ёфтани ягон беморӣ ё сар задани моҷарои оилавӣ низ дарак диҳад. Аммо донишманди машҳури ғарбӣ Нострадамус селро дар хоб рамзи ғайбат ва туҳмату иғво номидааст. Ба ақидаи Нострадамус, зан ё мард сел хоб бинад, душманонаш дар бораи ӯ ягон овозаи нохуш паҳн мекунанд ва аз шуниданаш нороҳат гашта, акш мерезад. Сел борад, вале оби аз осмон борида соф бошад, шахси хобдида бою бадавлат мешавад, аммо об лой бошад, ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, ӯро озурда месозад.
Донишманди дигар Густав Миллер селро дар хоб фоли нек номида гуфтааст, ки агар кас борони сел хоб бинад, шонси ба даст овардани даромади хуб ва пули калонро соҳиб мешавад.
Гурехтан аз сел дар хоб нишонаи гурез аз мушкилоти равонӣ, аз қабили ҷангу ҷанҷоли оилавӣ будааст. Эҳтимол байни шахси хобдида ва падару модар, ҳоҳару бародар ва ё ҳамсараш ягон нофаҳмӣ сар зада, боиси дилозурдагӣ гардад.
Аммо дар хобномаҳои исломӣ сел дар хоб нишонаи аз даст додани пулу мол тасвир ёфтааст. Мард хоб бинад, ки ба хонааш сел даромадааст, тиҷораташ бебарор гашта, зиёни пулию молӣ мебинад. Аммо зан сел хоб бинад ва об тираю лойолуд бошад, ба туҳмат гирифтор мешавад ё ягон кори шавҳараш ӯро нороҳат мекунад.
Ванга таъкид кардааст, ки кас шаби душанбе ба сешанбе хоб бинад, ки ба хонааш сел даромадааст, хуб ва фоли нек буда, шахси хобдида соҳиби даромади калони пулӣ хоҳад гашт.