Arzon march 2024
Хизматрасонии тиббии ройгон ба беморон
1730

Ҳамасола дар кишвари мо 7-уми апрел рӯзи умумҷаҳонии тандурустӣ таҷлил карда мешавад.

 

Дар доираи ин чорабинӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Бо ин мақсад имрӯз аз соати 8 то 14 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский 2, рӯ ба рӯи Сафорати Олмон дар Душанбе) бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ зери шиори «Сайёраи мо солимии мо” гузарнида мешавад.
Шаҳрвандон имкон доранд, ки ба ин муассиса ва дигар дармонгоҳҳои макони зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон муроҷиат намуда, аз табибони ҳозиқ машварат бигиранд ва аз хизматрасониҳои дигари тиббӣ ба таври ройгон баҳраманд гарданд.
Ин марака бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидамешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД