Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дорад. Аммо инсоният бояд дар ҳар як пастӣ, зинапояе бисозад, барои ба баландиҳо расидан. Мақсади ман аз навиштани ин сатрҳо огоҳ кардани занону духтарон аст, ки дар интихоби дӯст фиреб нахӯранд то мисли ман ангушти пушаймонӣ нагазанд.
Аз замоне, ки сари ақл омадам, бо ҳамроҳии ду бародарам дар хонаи бибии модариям зиндагӣ мекардем. Он ҷо мо танҳо набудем, тағои хурдиям бо 6 фарзандаш низ ҳамроҳи мо мезист. Модарам дар оила як духтар будаасту чор бародар доштааст. Се бародари калонӣ бо сабаби фишорбаландӣ хело ҷавон аз дунё гузаштаанд. Бобоям низ ба ғами фарзандон тоб наоварда, моро тарк карда буд. Ягона тағоямро ҳам фишорбаландӣ азият медод.
Модари яккадухтари миёни бародарон эркаи маро ҳам фишори хун зада буду як тарафи баданаш кор намекард, гап зада наметавонисту ақлаш ҳам чандон пурра буд. Вақте ки ба воя мерасидам, рӯз ба рӯз ба рафтори модарам аҳамият медодаму ба дунё нафратам бештар мешуд. Модарам ақли хӯрдани таомро надошт ва ҳар замон, ки тағоям мегуфт: “ Ҷангаш накунед. Монед, биёяд бо мо шинад!”, ӯ омада, чою хӯрокро чаппа мекарду худаш ё яке аз моро месӯзонд ва ӯро бурда, дар хона маҳкам мекарданд. Лекин дигар аз бо алам гиристани ӯ дар хонаи дарун, на бибиям, на тағоям ва на каси дигар хӯрок намехӯрд.
Тағо ба ҷои падар
Тағоям ва ҳамсараш хело инсонҳои хуб буданд ва ману бародаронамро чун фарзандони худашон калон карданд. Барои ман бисёр аҷиб буд, ки дар он хона касе дар бораи падарам гап намезад ва ҳатто зинда ё мурда буданаш ҳам барои мо маълум набуд. Бо сабабе, ки боре ӯро надида будам, ба худ мегуфтам:
-Падарам мурда аст, агар зинда мебуд, як бор ба хабаргириямон меомад.
Намедонам аз чӣ бошад, ки модарам ҳамеша талош мекард ба худаш осебе расонад. Як субҳ оби ҷӯшидашударо кашида, як ними баданашро сӯзонд. Бо тағоям гирякунон ӯро ба беморхона бурдем ва ҳангоми рухсатӣ шудан, дар роҳрави беморхона бо зане рӯ ба рӯ шудем. Модарам баробари дидани он зан фарёд зада, бо гиря ба сари худаш бо дастонаш мезад, мӯйҳои худро меканд. Ман бошам, аз ин бетоқатиҳо чизеро нафаҳмидам. Азбаски гап зада наметавонист, танҳо бо дастонаш ҷониби он зан ишора менамуду ба сари худ сахт- сахт зада, гиря мекард. Ман ҳам баробари ӯ гиря мекардам, чунки аз дидани ҳолати ӯ дилам ба кафидан наздик шуда буд.
Ногоҳ ба гӯшам садои он зан расид:
-Бигир, модари девонаатро!
Ман якбора аз ҷоям хеста, ба зан дарафтода, гуфтам:
-Ту киро девона мегӯӣ?!
Зан гуфт:
-Модари аз ақл бегонаи туро!
Гуфтам:
-Аз куҷо медонӣ, ки модари ман аст?!
-Агар модарат аз аввал ҳамин хел содаи беақл намебуд, магар шавҳараш зани дигар мегирифт!?- ҳанӯз муноқишаи мо ба охир нарасида буд, ки модарам ба замин афтод ва мани ҳайрон занро фаромӯш карда, модарамро аз замин бардоштаму духтуронро ҷеғ задам.
Захми сухан ва марги модар
Пас аз ташхис маълум шуд, ки бори сеюм фишори модарам баланд шуда, ба майнаи сараш задаасту зинда монданаш ба гумон аст. Баъди се рӯз модарам аз дунё гузашт. Рӯзи ҷанозаи модарам одамони зиёде омада буданд. Ҳар яке аз хубиҳои модарам ёдоварӣ мекарданду барои ҷони ҷавонаш, ки ин ҳама сахтиҳоро кашидаю оқибат зери хок шуд, афсӯс мехӯрданд. Ман бошам, намедонистам, ки барои кадом азоби модарам нола кунам. Занҳо як-як маро ба оғӯш мегирифтанду тасаллӣ медоданд. Ногоҳ зани зебое аз дар даромаду бо навҳа гуфт:
-Эй кош, оне ки хонаи туро вайрон намуду туро бемору фарзандонатро бе падар намуд, ба ҷои ту ӯро дар ин ҷо медидам!
Аз шунидани ин суханон аз ҳуш рафтам. Он рӯз гузашт ва то чанд муддат чун девонаҳо ҳеҷ ба худ наомадам. Ҳамин, ки аҳволам хубтар шуд, ҷӯёи ҳақиқат шудам. Модари ман- Асмоа, дугонаи даврони кӯдакие доштааст, бо номи Ҳилола. Модарам дар пойтахт арӯси оилаи обрӯманде мешаваду Ҳилоларо бо роҳбарии худаш ба амакам медиҳад ва мехоҳад, ки ин дӯстӣ ҳеҷ гоҳ канда нашавад. Вақте Ҳилола фарзанди сеюмашро таваллуд мекунад, амакам аз бемории саратон аз дунё мегузарад. Модарам чун фарзанди падар дар бари дугонааш рост истода, барои кӯдакони ӯ падар мешавад. Ҳар бегоҳ харид карда, аввал ба хонаи Ҳилола равон мекунаду баъд худаш ба хона меояд.Аз падарам бошад, хоҳиш мекунад, ки Ҳилоларо дар маркази савдои худаш ба кор гирад, то ин ки дар хона нишаста, зиқ нашавад. Падарам розигӣ медиҳад ва модарам дугонаашро ба бари худаш меорад. Онҳо ҳамроҳ ба фурӯши ҳар гуна молҳои қимматбаҳо машғул буданд. Ҳамин хел рӯзҳо мегузаранду Ҳилола дигар шудан мегирад. Ба қавле сару либосаш хеле замонавӣ мешавад. Лекин модари ғамхори ман инро пай намебарад ва ҳамеша дар фикри шод намудани фарзандони Ҳилола кӯшиш ба харҷ медиҳад. Рӯзе яке аз занҳое, ки ҳамеша аз мағозаи онҳо харид мекард, ба модарам мегӯяд:
-Асмоа, ҳушёр шав, ки дугонаат “Каждуми зери бурё аст”.
Модарам сабаб мепурсад, зан мегӯяд:
-Ҳар бор, ки дугонаат омадани шавҳари туро мебинад, куртаи худро поёнтар мекашад, то пеши бараш хубтар дар чашмони шавҳарат намоён гардад.
Модарам дар ҷавоб мегӯяд:
-Мардум як зани бешавҳарро, ки бубинанд, дигар ба пояш ҳар гапро бастан мегиранд,-ва ба гуфтаи зан эътибор намедиҳад.
Офтобро бо доман пӯшида намешавад
Модарам ба деҳа, ба хабаргирии бибиям меояд ва худи ҳамон шаб ман сахт бемор мешавам. Тағоям бо ҳамроҳии модарам маро ба беморхонаи пойтахт мебаранд. Маро дар беморхона мехобонанд ва модарам мехоҳад, рафта, либосҳои маро аз хонаамон бо худ гирад. Ӯ барои он ки падарамро аз хоб бедор накунад, занги дарро зер намекунад. Дарро аз берун кушода, вориди хона мешавад ва Ҳилоларо болои рахти хоби худаш бо падарам мебинад. Аз изтироби шадид фишори хунаш баланд шуда, меғалтаду аз ақл бегона мешавад. Падарам ӯро ба беморхона бурда, дигар ёде аз мо намекунад. Ман низ пас аз шунидани ин қисса ба падарам нафрат пайдо кардам.
Дарси ибрат
Бародаронам ба муҳоҷират рафта, кор карда, хона хариданд. Бибиям аз дунё гузаштанд. Тағоям бародари калониамро оиладор карда, моро бо хурсандӣ ба хонаи худамон гусел кард. Баъд аз чанде ба мо хабар расид, ки падарам ба бемории диабети қанд гирифтор шудаасту як пояшро буриданд ва аҳволаш хело бад аст, чунки ҳеҷ кас нигоҳубинаш намекунад. Фарзандони Ҳилола ба рӯяш дод мезадаанд, ки ту падари мо нестӣ. Лекин аз шунидани ин ҷумлаҳо дили ҳеҷ яке аз мо хун нашуд. Саргузашти талхи модарам барои ҳар яки мо дарси ибрат шуд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ҷӯраю дугонабозӣ намекунем.
Хандазеби.......