Sebiston new 2024 october
Хиёнати зан Самадро кушт (Қисми 2)
31.03.2022
ОИЛА
2293

Хеши ба дил наздик

 

Волидони Самад, Саодатхонро хеле хуб мешинохтанду ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Падараш муддаои писарашро шунида, дарҳол розигӣ дод, вале модараш ҳаргиз намехост, ки Насибахони соҳибҷамолу мисли лӯхтак оростаю перостаро келин кунад.

-Самадҷон, охир вай луъбатаки ту мегуфтагиро дидаам, ҳеҷ бовар надорам, ки ӯ келин шуда, хоку хокистари хонаи сермеҳмони моро қабул дорад,- норозиёна гуфт модар. Самади қолабшикан бошад, ба модараш шӯхиомез гуфт:-Оча, ман ҳаргиз намегузорам, ки Насибаи зебои ман дасташро ба хоку хокистари шумо занад, аз ин рӯ, пас аз тӯй дарав додарам Абдуллоро хонадор мекунему ман хонаамро ҷудо карда меравам. Модар дигар чизе нагуфт, зеро медонист, ки писари якраваш кори худашро мекунад. Рӯзи дигар волидони Самад бо дастархонҳои зиёд ба хостгорӣ рафтанд, Саодатхон хостгориро пазируфта, тӯйро бошад пас аз ду моҳ қарор доданд, зеро келиншаванда хатмкунандаи мактаб буд.

 Беҳунарарӯс

Акнун Самад шабу рӯз дар хонаи Саодатхон ҳамроҳи Насибахони зебо буду ба ҷон ошиқу шайдо ва ғуломи нозу бозори арӯсшавандааш. Ҳарчанд Насиба пеш аз тӯй тану нафсашро ба Самад бахшида буду онҳо мисли зану шавҳар зиндагӣ мекарданд, вале Самад мехост тезтар тӯяшон баргузор гардад. Он рӯзи муборак низ фаро расиду арӯсро ба хонаи бахташ гусел намуданд. Дар шаби тӯйи ин ҷуфти ҷавон тамоми калоншавандаҳои вилояту ноҳия иштирок доштанд. Насруллои оҳангар ба писараш барои интихоби чунин арӯс офарин мегуфт, вале таги дили модари хонадон холаи Олима сип-сиёҳ буд. Пас аз гузаронидани маъракаҳо арӯсак бояд ба аҳли хонаи шавҳар ҳунармандияшро нишон медод, вале Насиба парвои олам надошт. Шаби дароз бо шавҳараш ишқварзӣ карда, субҳ то дер мехобид, хушдоман дастархон меоросту хоҳаршӯи ягонааш тамоми корҳоро ба анҷом мерасонид, аммо арӯсак зери шамолдиҳак хоби роҳат буд. Аҳли хонадон Насибаро хеле эрка мекарданд, зеро Саодатхон тамоми буду шудашро ба хонаи қудоҳояш кашонда, онҳоро забокӯтоҳ карда буд. Самад низ барои хоҳараш ҷавоҳироту матоъҳои қимматбаҳо мехарид ва мегуфт, ки ба корҳои янгааш ёрӣ расонад. Баъзан хусураш аз пушти тиреза келинашро садо карда мегуфт:

-Насибаҷон, духтарам хез, охир офтоб як найза боло шудааст.

Аз дарун овози норозиёнаи келин мебаромад, ки мегуфт:

-Тағоӣ монед, камакаки дигар хобам…

Овозаи беҳунарии зебосанами шаҳрӣ ба гӯши мардуми деҳа расида бошад ҳам, хусуру хушдоман ҳаргиз аз келинашон шикоят намекарданд, баръакс эркагиҳои келинро гуфта механдиданд. Самад мувофиқи ваъда дар маркази ноҳия ҳавличае харида, рӯзгорашро ҷудо кард ва яку якбора ду додарашро зан дода, ба хонаашон келин фаровард.

                             Шодию ғам

Дар хонаи нав Насиба хизматгор дошт ва худаш ба дугонабозию лақ-лақ овора рӯз кӯр мекард. Худованд ба онҳо паи ҳам ду фарзанд- як духтару як писар дод, вале модар шудан ҳам заррае хулқу атвори Насибаро дигар накард. Кӯдаконашро аксар вақт ба қишлоқ ба назди бобою бибияшон мефиристод, Саодатхон дар ҳамин айём бемор шуду домодашро ба ҷояш директори заводи пахта карда, худаш ба нафақаи беморӣ баромад. Пас аз шаш моҳи табобатҳо зан оламро падруд гуфт, Насиба дар ғами модари азизу нозбардораш чун ҳезуми тар месӯхт. Беҳуда намегӯянд, ки ғам аз пайи ғам меояд ва пас аз як соли фавти модараш корҳои шавҳараш ба суду милиса афтоданд. Самадро дар аз худкунии моликияти давлат гунаҳкор карда, муддати 15 сол равонаи зиндон намуданд. Волидони ҷигархуни мард, келину набераҳояшонро ба хонаашон бурданӣ шуданд, вале Насиба инро рад кард. Самад гумон дошт, ки Насиба ӯро интизор мешавад, вале…

 

                                   Қадам ба роҳи фаҳш

Насиба аввал ба хабаргирии шавҳар мерафт, вале баъдтар ба марди мансабдоре шинос шуда, ба ишқварзӣ сар кард ва баъд сафи ҳамхобаҳояш афзуданду номаш ба бадӣ баромад. Волидони Самад набераҳояшонро аз дасти келин гирифтанд, вале Насибаро парвои фарзандони хурдсолаш набуд, ӯ акнун машғулияти дигар дошт. Акнун ин санами зебо даст ба дасти мардон мегашту аз ҳусну ҷамоли худ ифтихори зиёд дошт. Ёди Самади дар банди зиндон ва фарзандони ба меҳри падару модар зорашро намекард. Овозаи бадгардии Насиба ба гӯши Самад низ расиду ӯ аз зиндон хатти талоқи зани хоинашро фиристод. Мард худашро мазаммат мекард, ки барои чӣ ба гапи волидонаш даромада, ягон духтари ҳамдеҳаашонро ба занӣ нагирифт. Охир, Гулҷони зебо, Хайринисои мавзунқомат, Зиламоҳи сафедпӯст, ғайри он ки миллӣ либос мепӯшиданд, дигар айбе надоштанд…

    Озодӣ

Самадро барои рафтори хубу намунавияш пас аз ҳафт соли маҳбӯсӣ озод карданд, ӯ ба хонаи падарӣ баргашт, зеро рӯйи Насибаи хоинро дидан намехост. Пас аз як моҳи бо фарзандону волидон будан, ӯро рафиқонаш ба маркази вилоят даъват карданду он ҷо кори хуберо пешниҳодаш намуданд. Ҷавонмарди бо ғайрат, ки буд, кораш ривоҷ ёфта, дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу мол ва хонаву дар шуд. Дар ҳамин ҷо Самад бо Вилоят ном зан шинос шуда, аҳди муҳаббат баст. Вилоят ба Самад ваъда дод, ки фарзандонашро саробонӣ хоҳад кард, зеро Худованд ӯро аз шарафи модар будан бенасиб гардондааст. Самад бо Вилоят хонадор шуда, фарзандонашро ба хонааш овард, вале кӯдакони бо бибию бобо омӯхта ҳатто як рӯз дар оилаи нав тоқат накарда, бо гиряву зорӣ аз падар хоҳиш карданд, ки онҳоро назди бобою бибияшон баранд. Акнун Вилояту Самад дар танҳоӣ зиндагӣ мекарданд, зан шавҳарашро таскин медод, ки як рӯз не, як рӯз фарзандонаш албатта ба хонаи падар хоҳанд омад.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД