arzon replenishment
Хиёнат (қисми 4, анҷом)
3588

(идомааш)
Баъди 8 моҳ гузаштан аз хизмати Ҷовид падари Сайёра духтарашро маҷбуран ба хостгорҳое, ки аз ҳамсоядеҳаашон омада буданд, номзад кард. Ҳарчанд Сайёра ду пояшро ба як мӯза андохта, “ман ӯро намегирам” мегуфт, вале падараш “агар гапамро нагирӣ, аз хона баромада рав” гуфта, духтаракро маҷбур мекард. Сайёраи бечора чора мекофту илоҷ.

Сайёра ягон илоҷи корро намеёфт. Андеша мекард, ки агар аз хона фирор кунад, волидонаш беобрӯ ва назди мардум сархам мегарданд. Ишқи Ҷовид ҳар лаҳза ӯро девона созад ҳам вале маҷбур мешуд, ки фаромӯшаш кунад ва ба ин издивоҷ розӣ гардад. Баъди як моҳи хостгорӣ Сайёраро туй карда ба хонаи шавҳараш гуселонданд ва мактубҳои навиштаи Ҷовид аз хизмати ҳарбӣ беҷавоб монданд. Хоҳараш Дилноза мактубҳои пай дар пайи Ҷовидро дида, чӣ кор карданашро намедонист ва маҷбур шуд, ки дар мактуби охирини Ҷовид, посух дода гӯяд, ки апааш Сайёра бо ҷавони дигар хонадор шудааст. Ҷовид баъди ин хабарро аз мактуб хондан, девона гашт, сарашро ба дару девор зад, ба ишқаш ҳазоронбор нафрин хонд, аммо фоида набуд. Ба ҷуз ашк рехтану мушт ба девор задан, роҳи дигар набуд. Ӯ чнд рӯз пеш хоби дидаашро ба ин рӯз қиёс кард ва дарк намуд, ки нафари бегона дасти Сайёраро аз дасти ӯ раҳо карда, азизашро аз пеши чашмонаш бурда буд. Моҳе пас Ҷовид хизмати модар ватанро адо карда ба деҳа баргашт. Як ҳафта дар назди модараш, хоҳараш ва амаки Солеҳ, ки ӯро ба ҷои падараш медонист, истоду баъдан ба шаҳр рафта таҳсилашро идома дод. Ҷовид ҳаргоҳе, ки ба деҳа ба хонаашон бармегашт, амаки Солеҳ ба ӯ маслиҳат медод, ки зан гирад ва ҳар духтареро дилаш мехоҳад пешниҳод созад. Ӯ омода аст, ки ба хостгорияш рафта, падари духтардоро ба ин издивоҷ розӣ намояд, аммо Ҷовид дар ҷавоб, ки дили шикаста дошт, ҳавола ба модараш мекард, ки касеро хоҳанд, худашон келин кунанд. Донишҷӯи бахши чорум буд, ки модараш ҳамроҳи амаки Солеҳ дар ҷустуҷӯи келин шуданд ва онҳо аз рӯи ин зарбулмасал «Сад бор чен куну як бор бур» амал карда, аз ҳамсоя қишлоқ як духтари соҳибҷамолеро муносиб дониста, хостгорӣ карданд ва дар бадали бист рӯз туй карда ба хонаашон оварданд. Ҷовид донишгоҳро хатм карда, дар маркази ноҳия аниктараш дар ҳукумати ноҳия ба кор қабул карданд. Аз баски деҳаашон аз маркази ноҳия дур буд, ӯ маҷбур шуд, ки занашрониз ҳамроҳи худ ба ноҳия оварда, дар иҷора зиндагӣ намоянд.

Ҷангҳои дохилӣ сар шуд. Ҷовид тоқати зистан дар ин ватанро накарда, тарки ватан кард ва роҳ ҷониби Москав гирифт. Дар бозор ба мевафурӯшӣ машғул гашта, даромади хуб ба датс меовард. Ҷовид ҳангоми дар бозор савдо карданаш ҳар рӯз як русдухтар бо номи Лена омада аз ӯ меваги харида ба Ҷовид нигоҳои ошиқона карда мерафт. Оҳиста –оҳиста онҳо ба ҳамдигар шинос шуданд ва Лена аз дидори аввал ба Ҷовид дил баста буд. Ҷовиб бошад фикр мекард, ки шояд Лена ҷои Сайёраро гирад ва онҳо ҳар рӯз баъди кор ба ҳам вомехӯрданд. Инчунин Лена кӯшиш мекард, ки аз Ҷовид соҳиби фарзанд шавад ва ӯро дигар аз даст надиҳад вале илоҷи дигар надошт. Як рӯз Лена аз Ҷовид хоҳиш кард, ки онҳо рафта аз ташхиси духтарон гузаранд ва Ҷовид ҳамроҳи Лена ба маркази ташхисии шаҳри Масква рафта, аз муонаи духтурон гузаштанд. Духтурон ба Ҷовид гуфтанд, ки аз камари ту фарзанд намешавад ва Ҷовид девонавор худро ба ҳарсӯй мезад ва бовар намекард, ки ӯ то охирин нафас рӯи фарзандро намебинад. Саволҳои пай дар пай Ҷовидро ором намегузошт. Охир, ӯ дар Тоҷикистон соҳиби зану се фарзанд аст?! Ҷовид бовар накарда ба дигар макази ташхиси рафта, дубора аз назари духтурон гузашт ва духтурони ин ташхисгоҳ ба ӯ тавсия доданд, ки аз ту фарзанд намешавад. Ҷовид беҳолу бемадор чӣ гуна беморхонаро тарк кард, худаш медонаду Худо.

 


Тағирот: Донишҷӯёни Тоҷикистон пеш аз муҳлат имтиҳон месупоранд


Ҳамаи он варақҳое, ки аз назари духтурон гузашта буд, дар дасташ гирифту худи ҳамон рӯз чиптаи ҳавопайморо харида, ба Тоҷикистон омад. Назди занаш шарт гузошт, ки дар ҳолати қоил нагаштани кӯдакдорияш агар пинҳон кунад, талоуашро медиҳад. Занаш худро мусичаи бегуноҳ дониста, бо забони дароз мегуфт, ки аз камари худат аст. Зану шавҳар қариб то поси шаб баҳс карданд ва ҳамсраш сари қаҳр ба бародаронаш занг зада, ба хона даъват кард ва бо гиряҳои дурӯғин бовар накардани шавҳарашро дар зани дигар ёфтанаш дониста, хонаро ба сараш бардошт. Онҳо бо ҳам хеле пасту баланд рафта бошанд ҳам вале Ҷовид гапашро ду накарда, мегуфт, ки ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки аз ӯ кӯдак намешавад. Вақте бародари занаш он варақҳое, ки Ҷовид аз муоинаи духтурон гузашта буд, хонданд, ҳуш аз срашон парид. Наход хоҳарашон хиёнаткор бошад?! Бародарон хоҳарашонро дар пеши чашмони Ҷовид зери мушту лагат гирифтанд, ки росташро гӯяд вале келинчак оби дида рехта, билохира қоил шуд, ки ҳангоми хонадор шудан,Ҷовидро аз ҷонам зиёдтар дӯст доштам. Баъди ду соли зидагиамон дидам, ки мо кӯдакдор нашуда истодаем ва барои ӯро аз даст надодан ба марди ҳамсоя ҳамхоба шудам. Баъди ин суханҳоро шунидан Ҷовид кастумашро гирифта аз хона баромада рафт ва дигар ба хона ба пасаш нанигариста, тарки деҳа кард. Ҷовид ба деҳа рафта дар назди амаки Солеҳ ва модараш буду шуди гапро қисса кард ва бо онҳо худоҳофизӣ намуда, боз ба Москва баргашт. Сайёраро низ шавҳараш барои бефарзандӣ, баъди 8 сол талоқ дод. Вақте ба хонаи падараш баргашт, хоҳараш ба ӯ гуфт, ки Ҷовид аз ҳамсараш хиёнат дида, тарки ватан кард. Нишонии аниқи Ҷовидро аз наздиконаш гирифта, Сайёра ба назди Ҷоҷид баргашт. Бародарони Сайёра муҳаббти поки хоҳарашонро дида, монеа нагаштанд ва ба ҷои кори Ҷовид омада, ӯро пайдо карданд. Вақте Ҷовид ба чашмони Сайёра нигоҳ кард, ишқи бармаҳал мурдааш дубора зинда гашт. Ҷовид аз дидани Сайёра хеле хушҳол шуда, мисли кӯдак гиря карда, азизи гумкардаашро ба оғӯш гирифт. Онҳо қариб нимсоат аз оғӯши ҳамдигар раҳо нагаштанд ва баъди каме ба худ омаданд Ҷовид аз бародарони Сайёра шарм карда, духтарро раҳо кард ва сари масъала омада, аҳд карданд, ки бегоҳ дар иҷораи эшон вомехӯранд. Ҷовид аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёт. Ба ватан занг зада, аз модараш хоҳиш мужда гирифт, ки онҳо ҳамроҳи Сайёра ба ватан бармегарданд ва бо розигии тарафайн бо ҳам хонадор мешаванд. Модари Ҷовид аз хурсандии писараш меболид ва бо гиряҳои шашқатор мегуфт, ки онҳо хоҳиши дили писарашонро ҳеҷгоҳ дар замин намегузоранд. Хулоса, Ҷовид дар шаҳри Москва ёру дӯстонашро ба зиёфат даъват карда, Сайёраро ба никоҳи худ даровард. Онҳо дар муки ғурбат хонаеро иҷора гирифта, зиндагии мустақилонаро оғоз карданд. Воқеан фарзанднеъмати худованд аст. Ҳар нафаре ин орзуро дар дил парварад, бенасиб намемонад. Сайёра баъди нуҳ моҳи интизори соҳиби духтарча гашт. Хурсандии ҳарду ҳаду канор надошт. Ҳарду низ аз дидори фарзанд бенавсиб буданд ва бузургии Худованд сабаб гашту онҳо аз меваи умр бенасиб нагаштанд. Онҳо шукр аз он мекарданд, ки Худованд ба висолашон расонд ва ба онҳо неъмати бебаҳоро насиб гардонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД