Коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор гуфтаанд, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо суръати хеле баланд рушд карда истодааст.
Дар гузориши ахири худ Хазинаи байналмилалии асъор гуфтааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори иқтисодӣ дар соли 2025 дар сатҳи 7,5% буда, ин натиҷа баландтарин суръати рушд дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Пешгӯии коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор гувоҳи он аст, ки иқтисоди кишвари мо минбаъд боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд.
Мутахассисони ХБА гуфтаанд, ки суръати баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон ба омилҳои беруна, аз қабили содироти қувваи корӣ ва воридоти маблағ аз интиқоли пул, инчунин ислоҳоти дохилӣ вобаста мебошад, ки ба навсозии зерсохтор ва беҳбуди муҳити корӣ равона шудаанд.
Муаллифони гузориши мазкур барои устувор мондани раванди рушди иқтисодии мамлакат гуногунсамт кардани иқтисодиёт, беҳбудии зерсохтори иҷтимоӣ ва гузаштан ба тағйироти сифатиро тавсия додаанд.