arzon replenishment
Хайрулло Назарзода: 13 нафар дипломи аъло гирифт
328

 

Соли 2023 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро 753 донишҷӯ хатм намуданд, ки 13 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардиданд, - гуфт Хайрулло Назарзода, ректори муассисаи мазкур дар нишасти имрӯзаи хабарӣ.

Ба зикри ректор, дар ин давра 171 гурӯҳи таълимӣ (113 гурӯҳи рӯзона ва 58 гурӯҳи фосилавӣ) таҳсил намуданд.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки Шӯрои олимони донишгоҳ бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ дар ҳайати 29 нафар фаъолият мекунад, ки 3 нафар доктор ва 22 нафар номзади илм мебошанд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар сохтори худ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 3 бинои хобгоҳ барои 670 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон, 10 кафедраи тахассусӣ ва 3 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД