Амали хайре, ки Амир Хон, ҳунарманд ва коргардони 55-солаи ҳинд охири моҳи апрели соли гузашта анҷом дода буд, дурӯғ будааст. Маълум шуд, ки ин эҳсонкорӣ ба ҳунарманд ҳеҷ рабте надошта, балки аз ҷониби нафари номаълуме дар як минтақаи ноободи Ҳиндустон анҷом дода шудааст.
“Бачаҳо, ман он нафаре нестам, ки пулро дар дохили халтачаи орд гузорам. Ё ин як қиссаи комилан бофта аст ё он нафари хайрхоҳ худро ошкор кардан намехоҳад”,-навиштааст Амир Хон дар саҳифаи Твиттери худ. Моҳи апрели соли гузашта дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ хабари дар дохили як кило орд гузоштани 15 ҳазор рупия (наздики 200 доллар) ва ба эҳтиёҷмандон тақсим кардани он аз ҷониби Амир Хон паҳн шуда буд.
Расонаҳо он замон ин амали хайри ҳунармандро дар давраи авҷи бемории коронавирус мусбат арзёбӣ карда, аз дигар ашхоси сарватманд даъват карда буданд, ки дар рӯзҳои вазнин ба ҳамватанони худ кӯмак расонанд. Амир Хон яке аз маъруфтарин ҳунармандони Болливуд буда, то ин дам дар зиёда аз 50 филм нақш офаридааст.