Formula novemver 2024
Хатарҳои боди афғонӣ
876

 

Тибқи омори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва Агентии обуҳавошиносии кишвар давоми се моҳи тобистони имсол 17 рӯзи ҷангу ғуборолуда ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар панҷ рӯзи он рост меояд.

Чанд рӯз қабл низ кумита хабар дода буд, ки аз 19 то 21-уми декабри соли ҷорӣ ҳавои кишвар чангу ғуборолуд мегардад. Табиист, ки чунин боду ҳаво ба саломатии инсонҳо бетаъсир намемонад. Ҳатто мутахассисони соҳаи кишоварзӣ чунин боду ҳаворо барои зироатҳои полезӣ зараровар мегӯянд ва яке аз сабабҳои камшавӣ ва гаронии маҳсулот дар бозорҳо маънидод мекунанд.

Кадом омилҳо чунин боду ҳаворо ба вуҷуд меоранд, роҳҳое, ки дар чунин обуҳаво зироатҳоро аз нобудшавӣ нигоҳ медорад? Ба ин ва дигар саволҳои мо Убайдулло Акрамов, номзади имлҳои биологӣ Сардори идораи имл ва иноватсияи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур посух гуфтанд, ки муҳтавояш чунин аст:

Таи чанд соли охир дар кишвар ҳавои хокбориш зиёд ба назар мерасад, ки таъсири манфии худро ба мавҷудоти зинда, аз ҷумла зироатҳо мерасонад, ки дар натиҷа камшавӣ ва гароншавии нархи маҳсулот дар бозорҳо мегардад. Мегуфтед, ки бо таъсири кадом омилҳо сол ба сол хокбориш дар кишвар зиёд шуда истодааст?

Раванди хокбориш яке аз ҳодисаҳои физикӣ мебошад, ки дар эко-системаҳои табии ҷаҳон фаъол шуда истодааст. Хокбориш аз қисмати ҳавои атмосфера ба замин фурӯ омадани хок аст. Саволи маъмул ин аст, ки чӣ тавр хок ба қабати атмосфера ворид шуд? Солҳои пеш раванди воридшавии хокбориш аз кишварҳои Ироқ, Сурия ва Африқо ҷараён мегирифт. Вақте дар баландиҳои 7-8 ҳазор метр боло хоки ба фазо омехта шуда ворид мегардид ва дар натиҷа онро шамол ба минтақаҳо аз ҷумла Тоҷикистон оварда мерасонд. То солҳои 1980 хокбориш ба номи чанги афғонӣ маъмул буд. Омили асосии хокбориш биёбон шудани заминҳо мебошад. Айни ҳол дар сайёри замин 425 миллион гектар замин биёбон аст, ки зиёда аз 160 ҳазор га замин дар Тоҷикистон аст. Раванди биёбоншавии замин дар Осиёи Миёна аз 25 то 30 миллион га зиёд аст. Яке аз омилҳои дигари биёбоншавии замин аз ҳисоби зиёдшавии чарогоҳҳо маҳсуб меёбад. Ба фарзи мисол агар то соли 1990 дар кившар шумори чорво ба 3 миллион мерасид, айни ҳол ба 8 миллион мерасад. Аз ҳисоби он ки чорво зиёд шуд, чарогоҳҳо ба биёбонҳо табдил дода шуд. Дар натиҷа шамол ҳисачаҳо аз замин ба фазо паҳн шуда, бо сабаби он ки дар Осиёи миёна ҳаво хушк аст, ин хок ҳафтаҳо дар фазо меистад. Бо назардошти он ки боришоти барф кам шудааст ва чангу ғуборе, ки дар моҳҳои ноябр, декбар, январ, фаврал, март ҳавои атмосфера дар Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи дур ҷойгир мешаванд, дар натиҷа ба воситаи эко-системаи табии Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғистон ворид мешавад ва ҳавои хокбориш дар фазо боқӣ мемонад.

Ду омили хокбориш аз ҳисоби сӯзонидани партовҳо мебошад. Вақте дар фазо боришот пайдо мешавад, доғзани дар қисмати болои мошинҳо, либосҳо, гулу гулгаштҳо хокистарро мушоҳида мекунем. Яъне айни ҳол дар саёраи замин дар як сол қариб 20 миллиард тона ангишт сӯзонида мешавад, ки аз худ хокистар боқӣ мемонад, ки бо сабаби сабук будани вазни онҳо ва кам будани боришоти барф дар фазо моҳҳои зиёд боқӣ мемонад.

Омимли сеюм -корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба коркардӣ ангишт, оҳаксанг, тилло, нуқра, хишт машғуланд, технологияи чангшинонӣ насб карда намешавад, ки дар натиҷа ин ҷангу хок ҳар лаҳза ба фазо ворид мешавад.

Сабаби дигари чангу ғубор заминаҳои кишоварзӣ ва паст будани намонокӣ дар вақти кишти замин мебошад. Солҳои пеш агар намнокӣ то аз 22 фоиз зиёд намешуд, кишт карда намешуд, ҳоло бошад кишоварзон ба ин меъёр нигоҳ намекунанд, ки ҷангу хоке, ки ба осмон мехезад, дар фазо боқӣ монда, ба поин намефарояд.

Омили дигари он аз сӯхтани маводҳои сӯхтӣ, ҷангалҳо дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Туркия, Австралия, ки ба садҳо ҳазор гектар рост меояд, ки садҳо ҳазор миллион тона хокистар дар фазо мемонад. Садҳо миллион хок ва садҳо милиард тонна хокистари дар фазо буда ба ҳам омехта шуда, ба воситаи шамол то ба кишвари мо омада мерасад ва ин ба зироати пиёз, бемории бактериявии замбуруғӣ, бемориҳои пӯсиши мева, картошка, помидор, тарбуз, харбуза, карам, себ, нок, биҳӣ, пахта, ҷуворимакка ҳатто ба шолӣ хатари зиёд мерасонад. Зеро оксиди силитсӣ, оксиди сулфури чор, оксиди карбони 2, пайвастагиҳои оксиди калсидор, натридор, хромдор, ки дар натиҷа дар сатҳи барги растанӣ қарор мегирад, масомаҳои барги растаниро маҳкам карда, растанӣ фотосинтез карда наметавонад. Аз ин ҳисоб масъунияти растанӣ паст шуда, зуд ба касалиҳои бактериявӣ ва замбурӯғӣ гирифтор мешавад.

Роҳҳои пешгирии ҷангу ғубор дар сатҳи кишвар вуҷуд дорад, агар ҳа чӣ гуна аст?

Албатта роҳҳои пешгирӣ вуҷуд дорад, ки хеле сода ва осон аст. Сари вақт кишти заминҳои кишоварзӣ, кишти ҷангалзорҳои мевадиҳанда анҷом дода шавад. Азбаски шумораи чорво се баробар зиёд шудааст, биёбоншавии заминҳо бештар ба назар мерасад, вақти он расидааст, ки шумораи чорво кам карда шавад.

Корхонаи истеҳсолӣ бояд як нуқтаро дар назар гиранд, ки бояд ба деҳқон зарар наоварданд ва асбобҳои заруриро насб намонд.

Дигар роҳи пешгирии ҷангу ғубор ба воситаи нақлиёт бурдани чорво ба чарогоҳҳои дур мебошад. Чангу хоке, ки дар натиҷаи гузаштани чорво ба ҳаво мехезад, зарари хешро ба аҳолӣ, кишоварзӣ ва ҷангалзорҳо мерасонад

Ташкил кардани усулҳои боронии сунъӣ яке аз роҳҳои пешгирии ҷангу ғубор мебошад.

Ташкил кардани ҷангалзорҳои зудинкишофёбанда саривақтӣ мебошад. Ин ҷангалзорҳо миқдори зиёди намиро ба худ мегиранд ва дар ҳавои атмосфера намиро нигоҳ медоранд.

Имрӯзҳо намнокии Тоҷикистон мумкин 7 фоизро ташкил кунад, ки боиси мондани чангу ғубор дар ҳаво мегардад. Агар мо ҷангалзорҳоро зиёд кунем, ки ба боришоти барфи зиёд муосидат карда, ҷангу ғубори дар атмосфераи мо ҳаст,мешинад, ҷангу ғуборе, ки аз корхонаҳои истеҳсолӣ мехезад, ба замин мешинад ва ҳамин тавр ҷангу ғубор кам мешавад.

Дар вақти хокбориш дар растаниҳо низ ҳашаротҳое, ба монандӣ малах пайдо мешаванд, ки онҳоро нобуд месозад, оё роҳҳои пешгирии ҳашаротҳои зараррасон дар растаниҳо вуҷуд дорад?

Албатта. Чангу ғубор боис мегардад, ки ҳашароти ширинча, сафедорак, тортанактанак ва малах насли зиёд медиҳад. Дар ин ҳолат растаниҳо зуд инкишоф намеёбад, баргҳое, ки алакай сахт мешавад, бо сабаби чангу ғубор будан инкишоф намеёбад, барои малах ин ғизои лозимӣ аст ва онро мехӯрад. Барои зиёд шудани тухми малах ҳарорат ҳар қадар баланд шавад, инкишофёбии кирминаи малах, тортанак, сафедорак бештар мегардад, ки ба камшавии ҳосили маҳсулоти полезӣ оварда мерасонад. Агар дар қиёс ба даҳ соли пеш гирем, нархи як киллограм помидор то як сомонӣ буд, аммо ҳоло зиёда аз ҳафт сомонӣ аст. Яъне таъсири манфии ҳашароти зарарасоне, ки боиси камшудани маҳсулоти кишиварзӣ мегардад, заминаи асосиаш ҷангу ғубор мебошад.

Мушоҳида нишон медиҳад, ки барои нест кардани ҳашарот аз хокистар истифода мебаранд. Аз нуқтаи назари илм истифодаи кадом хокистар муфид ва безарар аст?

Яке аз элементҳои асосии калий, ки дар таркиби хокистар дида мешавад, ҳамчунин ҳисаи зол ни дорад, ки барои инкишофёбӣ, барои қобилияти обнигоҳдорӣ ҳуҷайра ва бофати растанӣ мусоидат мекунад. Аммо хокистари ангиштсанг не, хокистари пасмондаи полиэтиленҳо ё пасмондаи партовҳои саноатӣ не, танҳо хокистари бехпояи растаниҳои кишоварзӣ манфиатбахш аст.

Дар боло қайд кардед, ки заминҳои кишоварзӣ дар ҳоли хушкӣ ҷуфт карда мешавад, ки чангу ғубори зиёдро дар атмосфера ба вуҷуд меорад ва бояд онҳо дар дараҷаи на кам аз 20 фоиз кишт карда шавад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки кишворзони имрӯз аксаран муҳоҷирони ихроҷшудае ҳастанд, ки маълумот дар бораи кишварзӣ маълумоти кофӣ надоранд. Чунин нафарон бояд аз куҷо таълимоти кишоварзии заруриро бигиранд?

Дар давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Аврупо Амрико шахсе, ки ба об, захираҳои модӣ сару кор мегирад, захираҳои ҷангал машғул мешавад, бояд таҳсилдидаи донишгоҳи кишоварзӣ бошад. Имрӯз агар мо тахмин гирем, аз сад фисад хоҷагиҳои кишоварзӣ то 95 фисадашон дониши зарурии кишоварзӣ надоранд. Дар донишгҳои Аграрӣ даҳ факулате фаъолият мекунад, ки мутахассисони кишоварзиро тайёр мекунад. Надоштани дониши зарурии кишоварзӣ бар зарари кишоварзон мешавад. Онҳо метавонанд дар ин джонишгоҳ дониши кишварзиашонро такмил дода, ба фоидаи худу заминҳояшон фаъолияташонро самаранок истифода баранд.

Мусоҳиб Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД