arzon replenishment
Хадамоти алоқа гуфт, ки нархи интернетро арзон ва ҳаҷму суръати онро зиёд кард
20.03.2025
Oila.tj
110

Арзиши бастаҳои интернет дар Тоҷикистон паст рафта, суръат ва ҳаҷми он дар қиёс бо соли гузашта хеле афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни як ҷаласа бо ҳузури мутахассисони соҳа ва хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро тақвият додааст, ки дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо ва гуфтушунидҳои судманд бо опреаторони мазкур арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд.

“Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Дар натиҷа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20% зиёд пешниҳод карда мешавад. Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55% коҳиш дода шуда, тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор мегарданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан суръати интернети ноқилӣ аз 0,5 Мбит/с шурӯъ мешуд. Раванди мазкур то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ба нақша гирифта шуда, то се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида мешавад”,- гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Масалан, акнун муштариёни нав ва амалкунандаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ду маротиба бештар трафики интернетро бо пайвастшавӣ ба тарофаи “Биё! Бисоз Life” бо пардохти абонентии 100 сомонӣ метавонанд ба даст оранд. Дар дигар ширкатҳо низ арзиши тарофаҳо камтар шуда, дар баъзе аз тарофаҳои ҷорӣ ҳаҷми интернет ва дигар хизматрасониҳо зиёд карда шудааст. Ба ғайр аз ин, баъзе аз ширкатҳо аллакай дар доираи ин иқдом тарофаҳои махсуси худро оғоз намуданд, ки бо арзиши камтар интернети зиёдтару босуръат пешниҳод менамоянд.

Зикр гардид, имрӯз интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 15 ширкати хизматрасониҳои алоқаи ноқилӣ (фиксированная связь) таъмин гардида истодааст.

Ба таъкиди сардори Хадамоти алоқа, аз ҷониби н ниҳод барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилии ҷавобгӯи талаботҳои муосир ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодаастд.

“Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар ҷумҳурӣ сол аз сол шумораи аҳолӣ ва истифодабарандагони интернет зиёд гардида, зиёда за 95 фоизи аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода мекунанд. Мебоист операторони мобилӣ сари вақт ҳудуди фарогирӣ ва майдонҳои насби истгоҳои базавӣ ва иқтидорҳои техникии худро зиёд мекарданд, ки ин ба таври қонеъкунанда анҷом дода нашуд. Ин ҳолат ба паст гардидани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боис гардид. Дар робита ба ин, Хадамот нақшаи мушаххасро бо операторони мобилӣ таҳия карда, марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи иловагӣ ва беҳатар намудани инфрасохторӣ зарурӣ, масъалаи сатҳу сифати хизматрасонии интернетро дар ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намояд”, - гуфт сардори Хадамоти алоқа.

Ин масъули соҳа гуфт, дар баробари афзоиши суръату пастравии арзиши интернет, ҳамзамон, ин ниҳод ба пайвастшавии бефосила ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодабарии Wi-Fi дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурушгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурӯдгоҳҳо ва монанди инҳо, тадбирандешӣ намуда истодаанд.

“Мо аллакай бо маъмурияти бисёре аз маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозору тарабхонаҳо суҳбат карда, ба онҳо насби дастгоҳи Wi-Fi-ро барои фарогирии бештари муштариёнашон бо интернет пешниҳод намудем. Дар оянда шумораи чунин нуқтаҳо дар тамоми кишвар меафзояд”, - гуфт номбурда.

Ҳамзамон, Исфандиёри Саъдулло эълон кард, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешниҳод намудани хизматрасонии алоқаи барқӣ ва нигоҳдории минбаъдаи ин раванд дар Хадамоти алоқа аз оғози соли 2025 Маркази тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивӣ ба фаъолият оғоз намуда, аллакай давоми муддати кӯтоҳи фаъолият беш аз 2000 муроҷиату шикоятро бо назардошти коркарди ҳаррӯзаи онҳо ба қайд гирифтааст, ки то имрӯз беш аз 80 фисади ин муроҷиатҳо қонеъ карда шуда, барои ҳалли шикоятҳои боқимонда ба масъулини ширкатҳои мобилӣ дастуру муҳлатҳои мушаххас додаанд.

“Хадамоти алоқа дар давоми 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети ноқилиро ба нақша гирифтааст”,- гуфт сардори Хадамоти алоқа кишвар.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон роҳандозӣ шуда истодааст, ки минбаъд ҳаноми сифр будани маблағи тавозун ва ба охир расидани ҳаҷми интернет иҷрои амалиётҳои электронӣ ва ғайринақдӣ имконпазир мешавад, яъне муштарӣм етавонад бидуни интернет амалиётҳои боникро тариқи ҳамёни электронӣ анҷом диҳад.

Ба зикри Исфандиёри Саъдулло, тадбирҳои андешидашуда имконият медиҳанд, ки дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли 5G ва фаъолияти муназзами воситаҳои электронии пардохтҳо таъмин гардида, дар ин самт масирҳои мушаххаси пешбурд ва таҳкими ваколати соҳавии Хадамоти алоқа муқаррар карда шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД