Formula 2025 may
Хабари марги ҳунарманди тавоно диламро пора-пора кард
236

23-юми апрел Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доштам, аз олам даргузаштааст, вале афсӯс, ки бохабар нашудаам. Солҳои охир телевизиону радиоҳои мо хабари марги ҳунармандонро пахш намекунанд. Ман ки одами калонсол ва аз интернет дур ҳастам, аз марги дӯстам бехабар мондам...

Бобоҷон Ҳасанов 10-уми марти соли 1947 дар деҳаи Саризиндони ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, умри бобаракаташро ба рушду нумуъи санъати тоҷик бахшидааст. Мавсуф овозхон ва ҳунарпешаи маъруф буда, соли 1987 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987) ва соли 2011 бо унвони олии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сазовор гашта буд.

Ӯ солҳои 1972-2001 актёр, коргардон ва сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд, аз соли 2001 дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ кор карда, дар беш аз 100 намоишнома аз ҷумла “Ҳуррият», «Робияи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Айбномаи хотимавӣ», «Карим-Девона», «Восеъ», «Дар чорсӯ», «Мири Кабир», «Заволи Чамбули Мастон», «Офарин Шерак», «Шамшер ва рангинкамон», «Раиси 13-ум», «Зани оҳанин», «Сафар Амиршоев», «Фишор» нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст.

Зиндаёд Б. Ҳасанов ҳамчун овозхон низ маъруф буд ва «Бишкан», «Бӯса ба дарё задам», «Суруди сулҳ», «Ҳадиси лаб», «Тоҷикистон», «Падар», «Чароғи назар», «Кӣ хоҳад шуд», «Шохи гул», «Ватан» аз зумраи таронаҳои дилошуби ин марди ҳунар мебошанд, ки номашро зинда хоҳанд дошт.

Ёдаш ба хайр! Хотираи неки ӯ дар қалби мухлисонаш боқӣ хоҳад монд.

С. МУРОДОВ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД