arzon replenishment
KFC дар Душанбе: Биёву лаззати нотакрори ғизоҳои шоҳонаро бичаш!
4813

KFC-яке аз тамғаҳои номдори хизматрасонӣ, ки дар самти омодасозии ғизоҳои тезтайёр дар сар то сари ҷаҳон машҳур мебошад, дирӯз дарҳои худро ба сокинони пойтахти Тоҷикистон боз намуд. Дар маркази шаҳри Душанбе, аниқтараш дар хиёбони Рӯдакӣ 33 (наздикии театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ) аввалин тарабхонаи KFC кушода шуд.
Акнун сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки дар муҳити тозаву озодаи ин тарабхонаи нави муосир ҳамарӯза маззаву лаззати нотакрори стрипсии (тасмаҳо), филеи мурғӣ, қаноти мурғ, линги мурғ ва дигар таомҳои хушсифати шоҳонаро бо нархи дастрас чашида, аз хушиҳои зиндагӣ ҳаловат баранд.

IMG_3838
Тамоми ғизоҳое, ки дар тарабхонаи KFC тайёр карда мешаванд, аз гӯшти мурғи асил бо усули махсусе пухта мешаванд, ки ҳанӯз 80 сол муқаддам полковник Сандерси номдор кашф ва бунёд карда буд.
Дар пухтупази ин таомҳои шоҳона 11 намуд растаниҳои камёфт истифода мешаванд, ки натанҳо ба хӯрок лаззати хоса мебахшанд, балки хусусияҳои табобатӣ низ доранд. Тамоми таъомҳо аз назорати ҷиддӣ гузашта, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар буданашон кафолат дода мешавад. Пайрави дини мубини ислом будани аксари сокинони Тоҷикистонро ба назар гирифта, масъулини тарабхонаи KFC тасмим гирифтаанд, ки тамоми ғизоҳоро танҳо аз гӯшти ҳалол тайёр намоянд.
Тавре, ки Ҳаким Ғайбиллоев, муассиси ширкати “Мазаи нав” ва шарики боэътимоди ширкати бонуфузи KFC дар Тоҷикистон зимни маросими кушодашавии тарабхона изҳор дошт:
“Пайдо шудани тамғаи машҳури KFC дар кишвари мо падидаи нек буда, бо кушода шудани тарабхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гаштанд. Ин албатта барои иқтисодиёти мамлакат манфиатовар аст, зеро даромад ба буҷҷа афзоиш ёфта, минбаъд боз гаштани нуқтаҳои нав ба нави KFC ба коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард...”

 

IMG_3834
Умед Гуреззода, намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе дар маросими кушодашавии аввалин тарабхонаи KFC дар Тоҷикистон ширкат варзида, таъкид намуд, ки як тарабхона талаботи мардумро ба маҳсулоти хушсифати ин тамғаи номдор ба пуррагӣ таъмин карда наметавонад, бояд ҳадди ақал дар пойтахти Тоҷикистон 15-20 нуқтаи KFC кушода шавад, то сокинони пойтахт тавонанд ғизоҳои хушмаззаи ин тамғаи машҳурро бо нархҳои қобили қабул дастрас карда, дар муҳити солим ва роҳатбахш истироҳату фароғат намоянд...
Татьяна Шаманская, яке аз роҳбарони радди аввали ин ширкати бонуфуз (директор оид ба рушди KFC дар Русия, СНГ ва Аврупои Марказию Шарқӣ) дар маросими кушодашавии аввалин тарабхонаи KFC дар Душанбе қайд кард, ки барои онҳо чизи аз ҳама муқаддас ин мизоҷон ва қаноатмандии онҳо аз сифати ғизо ва хизматрасонӣ дар KFC мебошад.
Тамоми ғизоҳое, ки дар тарабхонаи KFC тайёр карда мешаванд, бояд лаззати хос ва нотакрори худро дошта бошанд ва меҳмонон дар муҳити тозаву озодаи замонавӣ хӯроки табъи дили худро хӯрда, бо қаноатмандӣ аз тарабхонаи KFC бадар шаванд.

IMG_3831

“Ченаки талаботи мо ба сифати маҳсулот бисёр баланд аст ва риояи онро аз тамоми шарикони худ қатъиян талаб менамоем”-таъкид намуд хонум Шаманская ва илвакард, ки KFC дар зиёда аз 145 кишвари ҷаҳон намояндагиҳои худро дошта, яке аз тамғаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти омодасозии хӯрокҳои тезтайёр ба ҳисоб меравад, аз ҳамин хотир нигоҳ доштани обрӯи тамға бисёр муҳим аст.
Роҳбарияти KFC аз ҳамкорӣ бо ширкати “Мазаи нав” қаноатманд буда, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд ин тамғаи хизматрасониро комёбиҳои тоза ба тоза дар Тоҷикистон интизоранд.
Интизор меравад, ки минбаъд ин тамғаи млӣ дар кишвари мо боз ҳам бештар рушд намуда, натанҳо дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе, балки дар дигар навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанди Вилояти Суғд низ KFC дарҳои худро ба мизоҷоне, ки ба қадри лаззати асил мераванд, боз намояд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД