Салом! Ман Рустам аз шаҳри Норак. Мехоҳам як ҳодисаи бароям хеле ногуворро нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад.
Солҳои донишҷӯӣ дар шаҳр дар хонаи бародарам зиндагӣ мекардам. Рӯзе гапамон бо зани бародарам камтар гурехт. Янгаи шаттоҳам аз пашша фил сохта, ҳамон бегоҳ баробари аз кор омадани бародарам шӯри қиёмат барпо кард. Вай маро тӯҳмат карда, бо тамоми овоз дод мезад, ки додарат маро зад, дашномҳои қабеҳ дод, арвоҳи падару модарамро ба осмон баровард, ман ӯро ба суд медиҳам...
Бародарам ба ҷои таги гапро пурсиданд, сари қаҳр маро чанд мушт зад ва хун аз даҳону биниам шорид. Ба ин ҳам қаҳраш паст нашуда, дар ҳамон намози шом бародарам маро аз хонааш пеш кард.
Либосҳоямро ҷамъ карда бо дили захмин ба деҳа омадам ва ба падару модарам аз писари шаҳриашон шикоят кардам. “Ба ман иҷорахона гирифта диҳед, аз мушти акаю туҳмати янга дида, таънаи бегонаҳоро шунавам, сад бор беҳтар аст” гӯён, бори аввал дар умрам аз аламу хорӣ гиря кардам.
Падарам ба ғазаб омада ба бародарам занг зад ва “садқаи додар шавӣ ту беномуси ғуломи зан ” гӯён, ӯро хеле сарзанишаш карду телефонро хомӯш намуд.
Дар бадали се-чор рӯз падарам барқасди акаам ба ман аз шаҳр иҷорахона гирифта дод, вале ҳамин ҳодиса сабаб шуду бародарам пою қадамашро аз даргоҳи падар канд. Вай хусуру хушдоманашро аз падару модари худаш боло дониста, тамоми ёфту тофташро ба онҳо сарф мекунад. Амкаам натанҳо бо ман, балки бо дигар бародарону хоҳаронаш ҳам қаҳрӣ шудааст ва бо касе аз аҳли оилаамон рафтуомад надорад. Додару хоҳарони занаш гӯё барояш бародару хоҳар шудаанд, вале беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки ҷигар ҷигару дигар дигар аст. Боварии комил дорам, ки фардо акаам бемор шавад ё ягон ҳодисаи дигари нохуш ба сараш омада, бекору мӯҳтоҷ шуда монад, на занаш, на хусуру хушдоманаш ва на бародарону хоҳарони занаш ба додаш намерасанд. Шояд он вақт бародари беандешаам ба қадри падару модар ва додару хоҳари худаш бирасад, вале он гоҳ дер хоҳад шуд.
Ин ҳодисаро ба он хотир нақл кардам, ки ба тамоми ҷавонон дарси ибрат гардад ва ба балвои зан дода шуда,аз падару модар ва додару хоҳари худашон рӯй нагардонанд.