arzon replenishment
“Келини ҷойдорӣ” ва нақши хушдоман дар пойдории оила
845

Рӯзи 9 июни соли равон Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо мазҳакаи драматурги шинохтаи тоҷик Султон Сафаров “Келини ҷойдорӣ” меҳмони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардид.

Мазҳака мавзӯи барои мардуми тоҷик хеле муҳим – посдории оиларо дар бар мегирифт.
Офарандагони намоишнома масъалаи бисёр муҳим-бо дахолати хусуру хушдоман вайрон шудани оилаҳои ҷавонро ба миён гузошта, бо амалу рафтори қаҳрамонони асосӣ нишон додан мехоҳанд, ки падару модар бояд бо панду насиҳат ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ равона созанд, на ин ки бо дахолату хӯрдагириву айбҷӯиҳои баҳудаву беҳуда ба бехи ниҳоли нозуки оилаи ҷавон табар бизананд.

Модари хонадон (ҳунарпеша Орифа Ғафурова) барои тарбияи келини ҷавонаш, ки (дар нақш Сурайё Хоҷаева) бо писараш (ҳунарпеша Фирдавс Ҷӯраев) носоз аст ва ин номуросогӣ ҳар лаҳза метавонад ба ҷудоии оилаи ҷавон анҷом ёбад, тадбирҳо андешида, муҷиби пойдор ва устувор мондани ин оилаи ҷавон мегардад.

Намоишнома дар иҷрои ҳунарпешагони театр- Умар Мирзоаҳмадов, Маҳира Қандова, Насиба Каримова, Муқим Икромов ва дигарон аз ҷониби коргардон Суҳроб Шехов ва рассом Ғуломҷон Қосимов хеле ҷолибу диданӣ ба намоиш гузошта шуда, писанди тамошобинони ҷавони донишкада гардид.

Пас аз анҷоми намоиш сармаъмури театр Ҷобир Ғафуров иброз дошт, ки бо назардошти муҳимияти мавзӯъ, театр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муаззаф гардидааст, ки мазҳакаи мазкурро аз 9 то 16 июн дар ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба намоиш гузорад.

Роҳбарияти театр ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат барои фароҳам овардани шароити хуби намоиш миннатдорӣ баён намуд.Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД