Formula novemver 2024
Келинчакҳо, муросо карданро ёд гиред!
23.03.2023
ОИЛА
2271

 

 

Имрӯз сари ҳар қадам калимаи хушунатро мешунавем, ягон хонадони бе моҷаро вуҷуд надорад, аммо ҳама ҷанҷоли оилавӣ хушунат нест! Имрӯз атрофи ҳамин мушкил сӯҳбат мекунем.

 1. Дар байни насли калонсол як ҳикмате буд, сири хонаатро ба кӯча набарор. Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ин панд то ҳол роиҷ аст.

 2. Ҷавонон оддитарин моҷарои оилавиро хушунат ном ниҳодаанду аз равзае, ки ба онҳо аврупоиён кушодаанд, ба он менигаранд. Эроди хушдоман, хушунати равонӣ нест, маҳз ҳамин эродҳои дилсӯзона моро ба як бонуи рӯзгордида мубаддал месозанд.

3. Агар шавҳарат маоши кам мегираду ту аз ӯ талаби зиёд дорӣ, ин хушунати иқтисодӣ шуда наметавонад, зеро марди хонадони ту қудрати иҷро намудани хоҳиши туро надорад.

4. Зиндагӣ монеҳои зиёде дорад, танҳо зане дар ин набард ғолиб меояд, ки бо сари баланд аз онҳо гузарад.

5. Агар шавҳарат намехоҳад, ки ту дугонабозӣ кунӣ ва рӯзи дароз ҳамроҳи онҳо сӯҳбату дилхушӣ намоӣ, ин ҳукмронӣ аз боли ту нест, ӯ мехоҳад дили модари фарзандонаш ба хона банд бошад.

6. Ҷанҷолу моҷарои байни худату шавҳаратро пеши касе нақл накун, ҳеҷ кас ба ту ёрӣ дода наметавонад, вале атрофи номат овозаҳо паҳн мешаванд.

7. Дар зиндагӣ муросо карданро ёд бигир. Ягона чизе, ки ту ба он бояд сабр накунӣ, ин хушунати ҷисмонӣ аст.

8.   Баъзе бонувон бо марди муштзӯр зиндагиро идома медиҳанд ва сахт иштибоҳ мекунанд, беҳуда нагуфтаанд, ки як мушт хушбахт, як мушт бадбахт… Хушбахт барои он ки ин дафъа аз зери мушту лагад саломат баромадӣ, дафъаи дигар Худо медонад…

Боқӣ, хушбахт бошед, ба хонадони шумо хушунат роҳ наёбад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД