Як гурӯҳ занон ва кӯдакони ятим мондаи тоҷикро аз Сурия ба Ватан гусел намуданд. Мақомоти Сурия занону кӯдакони сағермондаи ҷангиёни гумроҳи тоҷикро, ки фирефтаи ДОИШ шуда, тарки Ватан ва хонаву хонумон карда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд...
Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия 146 нафар занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба намояндагони расмии Тоҷикистон супурд. Дар ин бора як намояндаи расмии курдҳои Сурия дар сӯҳбат ба хабарнигорони хориҷӣ иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои Франс Пресс, нирӯҳои курд 146 зану кӯдаки тоҷикро бо автобусҳо барои интиқол то фурудгоҳи Қамишлӣ овардаанд. Занҳо либоси сиёҳ дар тан дошта, бархе аз кӯдакон низ дар сар ҳиҷобу ниқоб доштаанд.
Фанар Кеит, намояндаи курдҳои Сурия зимни сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфтааст:
“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”.
Зубайдулло Зубайдзода дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон чанд вақт боз дар ҷустуҷӯи роҳи ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш талош дошт.