Ману ҳамсарам 12 сол боз сар ба як болин мениҳем, вале ҳарчанд кӯшиш кардем, Худованд ба мо фарзанд надод. Касбам инженер буда, шаҳрвандии Русияро дорам ва чанд сол боз ҳамроҳи занам дар Твер зиндагӣ карда истодаам.
Мехоҳем ягон кӯдаки ятимро ба фарзандӣ қабул намоем, вале волидонамон розӣ нестанд. Падару модари ман ва падару модари занам бо як овоз мегӯянд, ки кӯдаки насрониро ба фарзандӣ қабул карданизану шавҳари мусалмон раво нест ва шумо ба ҷойисавоб гуноҳ мегиред. Мехостам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом фарзанди насронӣ ё ягон дини дигарро ба фарзандхонӣ қабул кардани оилаи мусулмон раво ҳаст ё не?
Баҳром, аз Твер
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз! Фарзандхонӣ миллату дин надорад, зеро тифлон ҳамагӣ мавҷуди бегуноҳанд. Шумо метавонед кадом тифлеро, ки хоҳед, сарфи назар аз миллату динаш ба фарзандӣ қабул намуда, мувофиқи ақидаи худ ӯро тарбия намоед.