Дар Тоҷикистон ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 86 ҳодисаи ҷинояти савдои одамон ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли пешин 14 ҳолат бештар мебошад.
Дар ин бора Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои мутташакилонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфти Ҳафиззода соли гузашта 24 ҳолати савдои одамон ошкор карда шуда, 14 нафар ҷинояткорон, ки занону духтарони содаву зудбоварро бо мақсади ҷалб намудан ба фоҳишагию танфурӯшӣ ба хориҷи кишвар бурдаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар бораи он ки даллаҳо занону духтарони тоҷикро дар кадом кишварҳо ҳамчун ғуломи шаҳвонӣ фурӯхтаанд, маълумот дода нашуд, вале сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутташакилонаи ВКД таъкид намуд, ки дар баробари ҷиноятҳои савдои одамон бо мақсади ҷалб намудан ба фоҳишагию танфурӯшӣ ҳамчунин кӯдакфурӯшӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба гуфти Шодӣ Ҳафиззода соли 2022 дар ҷумҳурӣ 9 ҳолати харидуфурӯшӣ кӯдакони ноболиғ аз ҷониби волидон ошкор шудааст.
Ташкили муҳоҷирати меҳнатии ғайри қонунӣ ба Русия низ тамоюли афзоиш дошта, чунин ҷиноятҳо дар соли 2022 нисбат ба соли пешин 23 ҳодиса бештар ошкор карда шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки савдои одамон ҷинояти хеле вазнин ба шумор рафта, ба чунин ҷиноятҳо дохил мешаванд:
-Одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в"-и қисми 3-и моддаи 130 КҶҶТ)
-Савдои одамон (қисми 1-и моддаи 130
-Гаравгонгирӣ ва ғайри қонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ (банди "б"қисми 3-моддаи 131)
Кӯдакфурӯшӣ (моддаи 167)
-Истифодаи ноболиғон бо мақсади таҳияи маводҳои порнографӣ (моддаи 241(2)
-Ташкил кардани муҳоҷирати ғайри қонунӣ ба Тоҷикистон ё убури ғайри қонунии шаҳрвадони хориҷӣ ё шахсони бетабаа аз марзи Тоҷикистон (қисми 3-и моддаи 335 (1)
-Ташкил кардани муҳоҷирати ғайри қонунӣ (моддаи 335 (2);
-Дуздии ҳуҷҷатҳо, муҳр ва дигар аснод (қисми 3-и моддаи 339);
-Сохтакорӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта, мукофотҳои давлатӣ, муҳр ва бланкаҳои сохта (қисми 3-и моддаи 340).