Чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои пурҳангомае паҳн мешаванд, ки гӯё дар шаҳри Турсунзода кӯдаконро дуздида, узвҳои дохилиашонро мегирифта бошанд. Афроде, ки ин хабарҳоро паҳн мекунанд, ба корбарон барои исботи гуфтаҳояшон аксҳои пур аз ҷароҳати кӯдакеро мефиристанд. Ин овозаҳо асос доранд ё сохтаву бофтаанд?
Зайнаб Ҳусейнова, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ин мавзӯро пайгирӣ намуда, дар саҳифаи хеш навори видеоиеро нашр намудааст.
Дар оғози навор зане, ки ба эҳтимоли зиёд яке аз паҳнкунандагони чунин хабарҳои пурҳангома мебошад, иқрор мешавад, ки дар бораи кӯдаки дар акс тасвирёфта чизе намедонад. Вай ҳам аз забони дигарон шунидааст, ки гӯё дар шаҳри Турсунзода кӯдаконро дуздида, узвҳои дохилиашонро мегирифта бошанд.
Дар идомаи навор худи Зайнаб Ҳусейнова ин мавзуъро шарҳ дода, мегӯяд, ки овозаҳо дар бораи дуздида шудани кӯдакон дар Турсунзода ягон асос надоранд. Мақсади афроде, ки чунин хабарҳои бардурӯғро паҳн мекунанд, танҳо барангехтани тарсу ҳарос дар дили мардум асту халос.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз масъалаи мазкурро шарҳ надодаанд, вале аз наворе, ки Зайнаб Ҳусейнова пахш намудааст, чунин бармеояд, ки овозаи кӯдакдуздӣ дар шаҳри Турсунзода асос надорад ва комилан дурӯғ аст.