(Давомаш)
Садоқат Иқболи хобаш бурдаро аз нишастгоҳи қафои мошин ба бағал гирифту ба тарафи додараш нигоҳ карда гуфт:
-Фирӯзҷон, ман як лаҳза Иқболро ба хона дароварда хобонам, баъд як кори дигар мекунем...
-Чӣ кор, апа?
-Апаатро ба бемористон бар, аз аҳволи ҳамон духтаре, ки мошин зад, хабар гиред. Ҳамин хел гуфтанӣ будӣ? –Пурсид Холбибӣ ба духтараш нигариста.
-Ҳа оча, раҳораҳ фикр кардам, ки ҳатман ӯро хабар гирифтан лозим... Ҳарчи буд, гузашт... Ман намехоҳам, ки хуни ӯ дар гарданам бошад...
-Ту дар ин ҷо чӣ гуноҳ дорӣ, охир вай худаш худашро ба зери чархи мошин партофт-ку?-Китф дарҳам кашид Фирӯз ва афзуд,-Апаҷон, беҳуда худро азоб надеҳ, ту ягон зарра гуноҳ надорӣ, вале ба ҳар ҳол аз рӯйи одамгарӣ мо бояд ӯро хабаргирӣ равем.
Садоқат хост Иқболи хобидаро дурусттар ба бағал гирад, то ки пойҳои кашолааш ба замин нарасад, Фирӯз инро дида зуд латтаи мошинпоккуниро ба як су гузошт ва давида омад ва ҷиянашро аз оғӯши модараш гирифта ба тарафи хона бурду роҳравон гуфт:
-Апа, охир ҳамин корҳои вазнинро ба ман мон. Чаро ту ин хел хаёлолудӣ?
Холбибӣ, ки аз асли гап огоҳ буд, лабашро газида монд. Ӯ бо он фаросати фитрие, ки дошт, кайҳо фаҳмида буд, ки Садоқат ва духтари зери мошинмонда ҳарду апаю хоҳаронанд. Дар муддати ду ҳафтае, ки байни деҳаи Сафеддорон, маркази ноҳия ва шаҳр рафтуомад дошт, вай далелҳои гуногунро бо ҳамдигар муқоиса карда, ба чунин хулоса омада буд. Вақте ки васиятномаи шавҳарашро Садоқат ёфту фаҳмид, ки ӯ духтари онҳо нест ва дар ин бора ба модараш гуфт, Холбибӣ замони ба хона овардани Садоқатро пеши назар овард ва баъди он ки қиссаи чӣ гуна гум шудани духтари нав таваллудшудаи Ҳасратмоҳро шунид, боварӣ ҳосил намуд, ки Садоқат фарзанди ҳамин занак аст, аммо ӯ на танҳо аз кушодани гап дар ин мавзӯъ, балки ҳатто аз андеша намудан дар ин хусус метарсид. Холбибӣ аз он ҳарос дошт, ки Садоқат модари аслиашро ёфта, дигар ӯро модар намегӯяд. Садоқат вақте духтари ҳақиқии Холбибӣ набуданашро фаҳмид, гуфта буд, ки ҳаргиз каси дигарро ба ҷуз модари ба воярасондаааш модар намегӯяд, аммо дили Холбибӣ аз он хавотир буд, ки ба қавли мардум “устухон бӯй дорад” ва баробари рӯ ба рӯ шудан бо модари аслиаш духтараш ӯро фаромӯш мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳарчанд кайҳо фаҳмида буд, ки Ҳасратмоҳ модари ҳақиқии Садоқат аст, дар ин бора гап задан он тараф истад, ҳатто андеша кардан ҳам намехост. Вай эҳсос кард, ки Садоқат чизеро пай бурдааст ва мехоҳад аҳволи саломатии рақибашро не, балки хоҳарашро фаҳмад, аммо инро изҳор накард ва садди роҳи Садоқат нагашт, баръакс, вақте ки Фирӯз Иқболро ба хона дароварда хобонду баромад, гуфт:
-Писарам, медонам, ки монда шудаӣ, вале ҳамроҳи апаат як аз аҳволи ҳамон духтарак хабар гиред, баъд аз паи корат рав...
-Очаҷон, албатта ман Садоқатро ба он ҷо мебарам, вале метарсам, ки боз байни ваю модари Шафоат ягон ҷанҷолу ғурбат нашавад?
-Хавотир нашав, ягон гап намешавад,-бо боварӣ гуфт Холбибӣ ва аз дил гузаронд: “ту ҳоло намедонӣ, ки онҳо очаю духтаранд ва байни ин ду ҳаргиз моҷарое намешавад...”
Холбибӣ танҳо баъд аз он, ки мошин дар хамгашти кӯча ғоиб шуд, аз дарвоза ба ҳавлиаш даромад ва ба тарафи ҳуҷрае, ки ҳамин ҳоло Фирӯз Иқболро дар он ҷо хобонда баромада буд, равон шуд….
***
Вақте ки мошини Фирӯз ба ҷои қабули беморон расид, ҳанӯз барвақт буд ва муштариёни қабулгоҳ камтар буданд. Садоқат ва Фирӯз ба шуъбаи қайди беморон наздик шуда, хостанд аз аҳволи духтаре, ки бегоҳ оварда буданд, огоҳ шаванд, вале ҳардуяшон ҳам фамилияи Шафоатро намедонистанд. Садоқат забон хоида гуфт:
-Номи маҷрӯҳ- Шафоат...
Духтараки навбатдор китобашро варақ задаистода номи ӯро мекофт, вале чанд бор бо ангушташ болою поён рафта омаду онро наёфт. Ин вақт аз даре, ки аз тарафи шуъбаи эҳёгарӣ боз мешуд, ҷавоне, ки сабабгори садама гашта буд, намоён шуд ва Фирӯз ӯро шинохта ба тарафи ҷавон рафту аз оринҷаш дошта пурсид:
-Ҳоли беморатон хуб аст? Вай ҳоло дар куҷост?
Ҷавон маъюсона ба Фирӯз нигариста гуфт:
-Ака, аз афташ бемори мо сиҳат намешавад. Духтурҳо ва модараш дар болои сараш истодаанд. Мегӯянд, ки ҳолаш бисёр вазнин аст, модараш ҳатто ёрии маро қабул накард.
-Онҳо ҳоло дар куҷо?
-Дар ошёнаи дуюм... Дар ҳуҷраи эҳёгарии се, вале ба он ҷо баромаданатон маънӣ надорад, иҷозати даромадан намедиҳанд...
-Ана ёфтам,-садо кард ҳамшираи навбатдор, -Ба фикрам ҳамин, ба ҷои Шафоат Саёҳат ё Садоқат навиштаанд. Фамилияаш Сафарова?
-Росташро гӯям, намедонам. Раҳмат, мо аллакай ҷойи ӯро ёфтем,-ин суханонро Фирӯз, ки дар паси Садоқат меистод, ба ҳамшира гуфт ва аз оринҷи апааш гирифта ба тарафи ошёнаи дуюм раҳсипор гашт.
-Беҳуда наравед, он ҷо касеро намемонанд,-садо кард ҳамшира аз пасашон, аммо онҳо ба суханони вай аҳамият надоданд...
***
Духтури ҷарроҳ Ҳасратмоҳро бо кӯмаки ҳамшираи шафқат аз ҷояш хезонд ва аз дари ҳуҷра берун бароварда, ба курсии даромадгоҳ шинонду ба ҳамшира фармуд, ки ӯро ба худ орад ва худаш дубора вориди ҳуҷраи эҳёгарӣ гашт. Ҳамшира ба бинии Ҳасратмоҳ ким-чӣ хел доруро бо пахта наздик бурд ва пас аз лаҳзае модар ба худ омад ва аз нав худро ба дари ҳуҷра заданӣ шуд, вале ҳамшира аз китфаш дошта монеъ гашт. Модари зори Шафоат бо овози ҳазин, мисли гурбае, ки бачаи навзодашро гум кардааст, минг-мингкунон навҳа мекашид:
-Духтарҷонаме, духтараки ягонаам...
Ҳамшираи шафқат Ҳасратмоҳи аз қуввату дармон мондаро дубора ба курсӣ шинонда, талош мекард, ки ӯ аз ҷояш наҷунбад.
-Холаҷон, ором шавед, ҳамааш хуб мешавад, -ӯро ором карданӣ мешуд ҳамшира, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ кор карданашро намедонист.
Ин вақт дари долоне, ки ин қисмати бемористонро аз дигар қисматҳои он ҷудо мекард, боз шуду Садоқат ва аз паси ӯ Фирӯз даромада омаданд. Ҳамшира Ҳасратмоҳро ба ҳоли худ гузошта, шитобон ба назди онҳо рафта гуфт:
-Ин ҷо даромадан қатъиян манъ аст. Шумо ба маҷруҳ кӣ мешавед?
-Апааш,-бадоҳатан ҷавоб гардонд Садоқат ва худаш ҳайрон шуд, ки ин гапро аз куҷо ёфта зад...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)