Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 84)
09.04.2020
А. ҲОҶӢ
3452

(Давомаш)


Чашмони Шафоат пӯшида буданд, вале пилки чашмонаш мепариданд. Ранги рӯяш мисли докаи сафед канда буд ва гоҳ-гоҳ лабонаш аз ҳамдигар андаке дур шуда аз байни дандонҳои садаф барин сафеду ҷилодораш садои пасти нолиш шунида мешуд. Ҳасратмоҳ худро ба болои кати ӯ андохта духтарашро ба оғӯш кашиданӣ шуд, вале ҳамширае, ки ҳамроҳаш вориди ҳуҷра шуда буд, ӯро аз ин амал нигоҳ дошта меҳрубонона гуфт:
-Очаҷон, шумо ӯро ба бағал накашед, ки ранҷ медиҳед. Ана ба ин курсӣ бишинед. Духтаратон бисёр зебо будааст, Худо хоҳад сиҳат мешавад...
Ҳамшира курсии назди деворро ба кати баланди эҳёгарӣ наздик оварда, Ҳасратмоҳро болои он шинонд. Вай ба чеҳраи духтараш нигариста хомӯшона гиря мекард. Оби чашмонаш нӯги қарси сафедашро тарк карда, ранги онро сиёҳтоб гардонида буд, вале модар ҳамоно ду чашмашро аз рӯи духтараш накарда оби дида мерехт. Ҳасратмоҳ умедвор буд, ки шояд муъҷизае рӯй медиҳад ва Шафоат чашмашро кушода бо вай ҳамгап мешавад, аммо ҳарчанд зеҳн мемонд, ба ғайр аз паридани пилки чашмонаш дигар ҳеҷ осори зиндагиро дар чеҳраи духтараш намедид. Ниҳоят тоқаташ тоқ шуд ва сарашро ба сари Шафоат наздик бурда, бо овози паст гуфт:
-Шафоатҷон, чашматро кушо, ин ман модарат...
Аз Шафоат садое набаромад. Ин вақт духтури эҳёгар вориди ҳуҷра шуд ва як-як ба асбобҳои ба бадани Шафоат пайваста нигаристу чеҳрааш маъюс гашт ва ҳамшираро аз назди кати бемор дуртар бурда оҳиста ба гӯшаш гуфт:
-Ҳаминҷо бош, ягон ним соати дигар мондааст, агар пеш аз... пеш аз... ба худ биёяд, шояд бо модараш гап зада тавонад...Ту нигоҳ карда ист, модари бечораро аз умеди охиринаш маҳрум кардан гуноҳ аст...
Ӯ инро гуфту беовоз аз дари ҳуҷра берун шуд.
-Шафоат, духтарҷонам...,-мисли он ки кӯдаки хурдсолро ба гап андохтанӣ бошад, бо овози ҳазин мегуфт Ҳасратмоҳ,-Чашмонатро боз кун, падару бародаронат рӯзҳои наздик меоянд. Тӯй мекунем, ҳаққу ҳамсояро мегӯем, бародари хурдиатро хонадор мекунем...
Ба назари ҳамшира чунин намуд, ки модар аз ақл бегона шудааст. Ӯ намедонист, ки Ҳасратмоҳ аз кӯдакӣ, вақте ки Шафоат инҷиқӣ мекард, бо ҳамин гуна суханони хушҳолкунанда духтарашро механдонд ё аз ягон раъяш мегардонд. Ҳоло низ ба назари Ҳасратмоҳ духтараш мисли тифли беақле буд, ки аз гуфтаҳои модар саркашӣ карда бошад.
-Ҷони оча, чашмонатро кушо, охир ман туро ҷанг накардаам, чаро ин корро кардӣ?
Модар ҳамоно бо умед зориву тавалло мекард, аммо ба ҷуз пир-пир паридани пилки чашмони Шафоат, дигар аз ӯ ҷавобе намешунид. Ҳасратмоҳ кафи дасташро ба пешонии духтараш ниҳод ва мисли он ки тафсашро месанҷида бошад, онро ҳамвор намуд. Ин лаҳза лабони Шафоат ба ҷунбиш даромаданд ва ӯ бо садои базӯр шунаво овоз баровард:
-Оча...
-Ҷони оча, гап зан духтарам, чӣ гуфтанӣ будӣ?
-Маро... маро... бубахш... Ширатро бубахш, очаҷон...
-Духтарам, ширамро замоне, ки пистонамро ба даҳонат мемондам, ба ту бахшида будам. Чаро ин хел мегӯӣ?
Мижгонҳои зебои Шафоат андаке боло шуданду як гӯшаи чашмаш боз гардид ва бо нигоҳе, ки дар он танҳо ҳасрату пушаймонӣ ифода ёфта буд, ба модараш нигарист. Дар ин нимнигоҳ Ҳасратмоҳ чизеро пай бурд, ки то имрӯз боре ҳам эҳсос накарда буд. Ин нигоҳ нигоҳи одами маҳкум ба марг буд. Модар тоқат накарда рӯяшро гардонд ва беихтиёр аз чашмонаш селоби ашк равон гашт. Дар рӯ ба рӯи ӯ марг истода буд ва ин марг мехост ҷигарбандашро аз вай рабояд.
-Духтарҷонам, худро ба даст гир...Ман дар паҳлуят...
-Медонам оча, ту ҳамин ҷо бош, қуввати дилам ҳастӣ, аммо ман мемурам... марг ба суроғи ман омадааст.
-Не, не, духтаракам, ин тавр нагӯй, ман туро ба ҳеҷ кас намедиҳам, на ба марг ва на ба каси дигар. Ту ҷону ҷигарам, духтари ягонаам ҳастӣ...
-Не оча, ягона не, ту боз духтар дорӣ ва ман медонам, ки ӯ кист. Ба ҷои ман ӯро қабул кун, очаҷон...
Садои канда- кандаи Шафоат гӯё аз мағзи дилаш мебаромад ва ҳар калимааш мисли таркиши тири тӯп ба дили модар мерасид...
-Не, не, не...Ту ягона духтари ман ҳастӣ ва ман ҳеҷ каси дигарро ба ҷои ту қабул карда наметавонам. Ту бад ҳастӣ ё нек, аммо духтари ягонаи ману падарат ҳастӣ ва мо ҳаргиз туро ба каси дигар иваз намекунем!

Нафаскашии Шафоат тез шудан гирифт ва ӯ бо ишораи даст модарро ба хомӯш истодан даъват карда, бо овози боз ҳам пасттар гуфт:
-Оча, ту каси дигарро не, духтари худатро қабул кун... Ман ҳамаашро дар ин коғаз навиштагӣ, коғаз дар дастам...
Ҳамшираи шафқат, ки ҳамаи суханони Шафоатро мешунид, ба дасти ӯ нигарист, вале дар он ҷо чизеро надид. Шафоат ба дасти дигараш, ки дар зери кӯрпа буд, ишора намуд. Ҳамшира оҳиста як гӯшаи кӯрпаро бардошт ва чашмаш ба дасти докапеч ва аз зарби хуни аз қабати он таровида сурхшудаи Шафоат афтод, ки мушташро сахт ба ҳам ҷафс намуда буд. Ҳамшираи шафқат оҳиста мушти хунолуди духтарро, ки дар он як пора коғази кулӯлашудаи маҷақро ниҳон буд, боз намуд. Ҳамшира онро гирифта ҳамвор кард. Чашмаш ба хате афтод, ки ҳарчанд саросемавор навишта шуда буд, аммо аз ҳусни хати зебои нависандааш гувоҳӣ медод ва онро ба Ҳасратмоҳ дароз кард, аммо модар ба коғаз ҳатто нимнигоҳе ҳам накард, вай ҳамоно дасташро аз пешонаи духтараш нагирифта буд ва чашмашро аз ӯ намеканд.
-Ҷони оча, ман ба ҷуз ту дигар духтар надорам. Ҳарчи зудтар сиҳат шавӣ, бароям ҳамин давлати калон аст...
Мижгонҳои Шафоат боз болою поин шуда, бо аломати “гӯш кун, оча” ишорат мекарданд.
-Оча, вақти ман кам аст, ба ман гӯш деҳ... Ҳамон Садоқат, Садоқати зани Муртазо духтари ту ва апаи ман аст...
Ҳасратмоҳ худро ба нодонӣ зада гуфт:
-Ту чиҳо мегӯӣ духтарам, охир ӯ куҷою мо куҷо...
-Ман медонам...Ман инро дар лаҳзаҳои охирин фаҳмидам ва ман худам хостам, ки ҳамин тавр шавад. Тақдир чунин будааст. Очаҷон дар ин дунё барои ду духтари ту ҷой набудааст. Ман худам ихтиёран ҳамин роҳро пеш гирифтам, вагарна ту, ман апаам ва боз чанд каси дигар то охири умр азоб мекашидем. Маро бубахш, очаҷон...
Суханони охирин духтарро модар базӯр шунида, рӯяшро ба рӯи Шафоат наздиктар бурд, то гармии онро эҳсос кунад, аммо аллакай сардии марг ба ду рухсораи гулмонанди духтараш таъсир карда буд ва ӯ ба оҳистагӣ ин дунёро тарк мекард...
“Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду расулуллоҳ...” ин охирин садое буд, ки модар аз забони ҳамшираи болои сараш ва кӯшиши такрори онро аз лабони сардшудаистодаи Шафоат шунид. Ҳасратмоҳ аз ҳуш рафта гурсосзанон аз курсӣ ба замин афтид…
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД