Helvetas - Hukuki Man
КАЙ ЗАНУ ШАВҲАР МЕШАВЕМ, КОМИЛ?
26.09.2020
Р. Азимӣ
3973

Комил ном ҷавонеро дӯст медоштам. Мо қавлу қасам карда будем, ки то охири умр ба ҳамдигар вафодор мемонем. Вақте Комил “Азиза, ба хонаатон хостгор мефиристам ” гуфт, аз хурсандӣ қариб дилам аз қафаси синаам берун ҷаҳида буд.

Ба умед будам, ки тӯйи бошукуҳ ороста зери навои “ёр-ёр” бо Комилҷонам даст ба даст ба хонаашон меравам, вале орзуҳоям ба хоки сиёҳ яксон шуданд. Рӯзе Комил ба ман занг зада хоҳиш кард, ки ба хонаашон равам. Гумон кардам, ки дар бораи тӯй бо ман маслиҳат карданист, зуд худро орою торо дода рафтам, то ба падару модараш маъқул шавам. Аз дар даромада ҳайрон шудам, дар хона ғайри дӯстдоштаам дигар ягон кас набуд. Комил ба мани ҳайратзада ҳатто имкони лаб ба сухан кушодан надода “имрӯз ту боз ҳам зеботар шудаӣ” гӯён, чолокона рӯйи даст бардошта, ба хона хоб бурд. Ҳарчанд зориву тавалло намудам, ки маро раҳо кунад, лобаҳоям асар накарданд, ошиқи беқарорам номусамро доғдор намуда ваъда дод, ки ғам нахӯрам, ба наздикӣ зану шавҳар мешавем.

Ба суханҳои сарсарии Комил бовар кардам, вале баъди як ҳафтаи ин ҳодиса Комили бевафо якбора ғайб зад. Хавотир шуда ба хонаашон рафтам, модараш “писарам аз дасти ту фоҳиша тарки Ватану хонаю дар намуда, ба Русия рафт” гӯён, зада-зада маро аз дар берун кард. Инак, ду сол мешавад, ки бо дили хунчакон роҳи Комилро мепоям.

Косаи сабрам лабрез шудааст, дигар тобу тавони “пирдухтар” гуфтани хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро надорам. Ҳарчанд кофтам, рақами телефони русиягии Комилро наёфтам, ки мақсадашро пурсон шавам.

Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Азиза, аз н. Шоҳмансур

Поделиться новостью
Шарҳ
(8)
👑👑👑 2020-09-26, 11:52
Рут сиех кчо хонаи бача мерави
Посух
СПБ 2020-09-26, 14:25
Ха ха ха
Посух
Самариддин 2020-09-26, 18:24
Ягон бобои занмурдаро ебу шавхар кун. Оби тахораташро дар вакташ таер куну асои дасташ шав. Он гох савоб ба даст меориву гунохот шояд бахшида шаванд. Худованд бахшоянда ва мехрубон хаст.
Посух
Бедил 2020-09-26, 20:58
Якум инки Агар ть Комилда даркор мешиди тра партофта расия намерафт дуюмащ инки агар ть даркор мешиди худаш занг зада туро меёфт бехтараш аз паси зиндагиат шав
Посух
Макс 2020-09-26, 21:58
Ба модараш фахмонед ки аз болои писараш ба милиция ариза менависед
Посух
Нилуфар саидова 2020-09-27, 07:34
Панчакент
Посух
Нилуфар саидова 2020-09-27, 07:35
Панчакент
Посух
Билол 2020-09-27, 10:12
Хохарам хатоги даршумос фавран бамодари писар вокаи гзашатон ро гуйд ва онночавонмардро камошагирифта занг зада гуед аз хохараш тарсад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД