Arzon march 2024
КАСОФАТ(ҚИСМИ 2)
09.05.2021
ДИЛОШУБ
5319

 ИДОМААШ...

Сирри нангин
Рӯзи дигар бемориямро баҳона карда ба аёдати холаам нарафтам, зеро худамро дар назди ӯ гунаҳгор эҳсос мекардам. Язнаам бегоҳ аз кор баргашта маро боз зӯран ба оғӯш гирифт ва аз гарданам бӯсида гуфт:

-Майдача, холаатро пагоҳ ҷавоб медиҳанд, агар мурданашро нахоҳӣ, дар бораи шаби гузашта ба вай ягон чиз нагӯй!

Дигар бо он ифлос дар як хона монданро ба худам эб надида ба беморхона рафтам ва шабро ҳамроҳи холаам рӯз кардам, вале ба саволҳояш дар бораи ранги кандаву овози гирифтаам чизе нагуфтам…
Хандаи бахт
Холаамро аз беморхона ҷавоб доданду рӯзи дигар як дугонаи модарам барои писараш маро хостгорӣ кардан омад.

-Ман ҳам писаракамро мисли раҳматии Фотима бепадар калон кардам, барои ҳамин мехоҳам риштаи тақдири ду ятимакро ба ҳам пайваста дар сояи давлаташон осоям,-гуфт модари домодшаванда ва модарамро ба ёд оварда, хеле оби дида рехт.

Холаам ӯро хуб мешинохтааст, барои ҳамин дарҳол розӣ шуд. Шавҳараш «наход духтарро ба як беваи фаррош диҳӣ?!» гӯён моҷаро бардошт, вале холаам ҳама буду шудашро сарф намуда, маъракаи фотиҳаро гузаронду рӯзи тӯйро низ муайян кард.


Чораи нангин
Намедонистам чӣ гуна доманбохта буданамро ба холаам гӯям, мехостам худкушӣ кунам, вале язнаам хонаро хилват ёфта гуфт:
-Ту ғам махӯр, фардо ягон баҳона ёфта ба беморхона назди ман биё, илоҷашро меёбем…
Рӯзи дигар ба холаам ба донишгоҳ меравам гуфтаму ба беморхона ба назди язнаам рафтам. Вай дари утоқи корияшро аз дарун маҳкам кард ва ба доду фиғони ман нигоҳ накарда, боз ду бори дигар ҳамон амали нангинашро такрор карду баъд маро болои мизи ҷарроҳӣ баровард… Ранҷу азобу хорию шармандагиеро, ки мани ятиму бадбахт дар болои мизи ҷарроҳӣ кашидам, танҳо худам медонаму худованд. Роҳ гашта наметавонистам, бо азобҳои алим базӯр то мошини язнаам расидам. Язнаи худозадаам маро ба хона овард ва бо баҳонаи он ки гӯё афтидааму поям сахт зарб хӯрдааст, маро рӯйи дастонаш бардошта ба ошёнаи сеюм баровард. Холаи бечораам аз асли гап бехабар «духтар, ту пешата нигоҳ намекунӣ?!» гӯён, дар атрофам парвонавор давр зада, бароям хӯроку чой ва меваю шириниҳои лазиз меовард. Язнаам маро ба таври худаш хеле насиҳат карда ду ҳаб дод. Пас аз нӯшидани дору дардам каме таскин ёфта, хобам бурдааст. Саҳар хеле дер бедор шудам, вале аҳволам нисбат ба рӯзи пештара каме хубтар буд…

Азоби виҷдон
Туйи мо дар ҳалқаи хешу табору ёру ошно хубу хотирмон гузашт ва ба шарофати макри язнаам домоди бечора пай набурд, ки ба хонааш зани доманбохтаеро овардааст. Виҷдонам маро азобам медод, ки шавҳарамро фиреб карда, аз худ духтари бокира тарошидам, вале…

Оҳиста-оҳиста бо аҳли оила унс гирифтам. Хушдомани меҳрубонам маро чунон эркаю азиз карда буд, ки моҷароҳои талхи ба сарам омадаро қариб фаромӯш кардам.

Холаам мурду…
Пас аз се моҳи тӯйи ман холаам ин оламро падруд гуфта, дили шикастаи маро ғамхона кард. Язнаам баъди додани чили холаам ҷавонзанеро ба хонааш оварда эълон дошт, ки бо ин зан 14 сол боз зиндагӣ мекунад ва як духтар низ дорад. Писархолаам Далер аз зан овардани падараш ранҷида боз ба Маскав рафт ва бо як русдухтар хонадор шуд. Мо баъди марги холаам ба яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт кӯчидем. Дар ҳавлии барҳавою боғу роғи дилкушо соҳиби ду фарзанд шудам. Писараку духтаракам бо шӯхию бозиҳои кӯдаконаашон доғи ғамҳоро аз дили ғамзадаи ман мешӯстанд, вале ҳамоно гоҳ-гоҳ кирдори разилонаи язнаам ба ёдам расида, ҷигарам хун мешуд ва тамоми вуҷудам лабрези ҳисси нафрат мегашт. Шавҳарам гоҳ-гоҳ ба аёдати язнаам мерафт ва маро дар сангдилӣ айбдор мекард, ки нону намакашро хӯрда, калон шудааму ягон бор аз дараш даромада ҳолашро намепурсам, вале бо баҳонаи кӯдакони хурдсолам ман ягон бор поямро ба остонаи дари он палид намегузоштам…

Худозада
Як шоми сарди зимистон шавҳарам аз кор баргашта гуфт:
-Занак, язнаат аз сактаи қалб фавтидааст, тайёриатро бин, ба ҷаноза меравем…
Хушдоманам оҳу вой кунон аз ҷояш хест, ман низ ночор либосҳои фарзандонамро пӯшонда ҳамроҳи онҳо ба роҳ баромадам. Кӯдаконамро дар хонаи модарам, ки акнун ба номи ман буд ва дар он донишҷӯдухтарон иҷора менишастанд, монда ба мурдахона рафтам. Хоҳари язнаам дар болои сари акааш ашк мерехт. Маро дида гарданамро гирифту зор-зор гирякунон гуфт:
-Ана духтари акаам омад! Духтаре, ки обрӯи акаамро нарезонда бо номи нек ба шавҳар баромад….
Пас аз гӯру чӯб кардани мурда аз забони хоҳараш фаҳмидам, ки язнаам духтари қадрасашро дар бистар бо ҷӯраи ҷонияш дошта дилкаф шуда мурдааст. Духтараш беибо гуфтааст, ки ҳанӯз аз чордаҳсолагӣ бо ошнои падараш ишқварзӣ мекунад. Инро шунида худ ба худ гуфтам, ки оҳи дили мани сағира язнаи худозадаамро гирифтааст. Дилам ягон зарра барои ин марди касиф насӯхт…

 

Муниса

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД