Симо фарзанди сеюми оила ва байни чор писар ягона духтари волидон ба шумор мерафт. Аслан дар авлоди падари ў амаки Алӣ духтарон кам буданду писарон бисёр, аз ин рў, амакдухтарон ба ҳамдигар хеле мењрубон мисли хоҳарон буданд. Симо бо ҳама амакдухтаронаш дўст бошад ҳам, бисёртар бо Маҳина духтари амаки хурдияш, ки то ҷудо намудани рўзгорашон бо онњо дар як ҳавлӣ мезистанд, ќарин буд. Пас аз хатми мактаб бародарон хоњари ягонаашонро ба Донишгоњи омўзгорї дохил намуда, пешаш шарт гузоштанд, ки аввал диплом, баъд шавҳар! “Духтар бояд маълумоти олӣ ё ягон касбу ҳунар дошта бошад, ки фардо дастнигари шавҳар нагардад”,- мегуфт бародараш Валӣ. ҳамин тавр, Симо донишҷў шуд, ў ҳељ гоҳ насиҳатҳои бародаронашро дар хусуси одобу ахлоқ ва паст накардани сари онҳо аз ёд намебаровард, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ишқ аз мо намепурсад, ки маро ба хонаи дилат роњ медиҳӣ ё не? Симо як роҳ дошт, субҳи барвақт ба дарс, баъд ба хобгоҳ, мисли дигар дугонаҳояш ба тамошои шаҳру киною консерт намерафт, китобҳои лозимияшро аз китобхонаи хобгоњ дастрас карда мехонд. Бародаронаш ҳар моҳ барояш пул мефиристоданд, аз ин рў, аз чизе танқисӣ намекашид. Як рўз баъд аз дарс дар донишгоҳ маљлиси духтарон баргузор гашту дер ба охир расид, дугонаҳояш, ки хўроки нисфирўзӣ нахўрда буданд, ўро ба ҷону ҳолаш намонда, ба қањвахона дароварданд. Пушти мизи дар рў ба рўяшон истода ду ҷавон менишастанд, яке пастаки фарбеҳ, дигаре қоматбаланди абрўсиёҳ… Чашмони хумори қомати баланд ба чашмони Симо афтиданду дилаш ким-чӣ хел ширин тапид, пас аз чанде пешхизмат ба мизи духтарон анвои хўрданињои лазиз ва шарбатњоро оварда гуфт, ки аз мизи муқобил ба шумо тўҳфа. Духтарон намефаҳмиданд, ки ин «ҳотамӣ» ба чӣ хотир аст, вале шӯхикунону баҳ-баҳкунон неъматҳои рӯйи мизро нўши ҷон карданд. ҷавонон пас аз чанде хеста рафтанд, он шаб Симоро хоб набурд, то рўз дар бораи соњиби он чашмони зебо фикр мекард, дар дил медонист, ки ҳотамии ҷавони ношинос низ ба хотири ў буд. Боз дар дил худро ба хушбоварияш мазаммат карда мегуфт, ки аз ў дида духтарони зебо њастанд, боз замонавию ба қавле аз фарҳанги либоспўшӣ бархўрдор, шояд ба ҷавон дигар духтар маъқул омад бошад? Субҳ Симо чун ҳарвақта барвақт аз хоб хеста, барои дугонаҳои ҳамҳуҷрааш наҳорӣ тайёр намуда, онҳоро бедор карду худаш пеш аз онҳо аз хона берун шуд. Аз дарвозаи хобгоҳ берун шуд, њамин вақт наздаш мошини гаронбањои хориҷӣ истоду аз дохилаш ҷавони дирўза берун шуд, ки дар дасташ як даста садбарги сафед дошт. Симо аз вохўрии ногањонї њайрон шуда бошад ҳам, худро ба даст гирифт. ҷавон пештар омад гуфт:
-Салом духтари зебо, номи ман ҳотам.
Аз шунидани ин ном дар лабони Симо табассуми зебое гул кард, зеро духтарон байни худ он саховатманди дирўзаро Њотам ном нињода буданд. “Чӣ хизмат”-ҷиддӣ пурсид Фароғат, ҳотам аз табассуми ногаҳонии духтар ба умед шуда буд, вале ҷиддияти ўро дида гуфт:
- Ман зангирам, ду сол боз зан мекобам, њамин дирўз шуморо дидаму фаҳмидам, ки модари кўдакони ман бояд шумо бошед!- ҳарчанд аз урён сухан гуфтани ҷавони зебо дили духтар об шуда бошад њам, худро бой надода посух дод,- мебахшед, ҷавони нағз, ман аз деҳа ба ин ҷо шўкобӣ не- хондан омадам.- Духтар инро гуфта, тез-тез ќадам монда, аз назди љавон дур шуд. Њотам гумон дошт, ки Симо мисли духтарони дигар зуд ба мошини ў менишинад, вале ин духтари ба ќавли худаш ќишлоќї оњуи сур баромад. Падари Њотам марди сарватманде буд, онњо дар оила ду нафар буданд, бародараш Рустам дар Амрико зиндагї мекард. Њамсари бародараш њамсабаќаш, аз оилаи сарватманде буд, ки бо волидони шавњар муносибати хуб надошт. Модараш мудом менолид, ки келин писарашро аз ў људо кардааст, аз ин рў, Њотам ќарор дод, ки зани ќишлоќї мегирад. Ў як сол аз ќафои Симо давид, то дилашро ба даст орад ва оќибат зорию таваллои љавон ба дили духтар асар намуданд, аммо волидон хостгорони бемањали духтарашонро хуб ќабул накарданд. Бародаронаш, бо Симо ќањрї карданд, аммо модари Њотам ба назди модари Симо омада, чї гуна гуфтугўе карданд, ки кор бо тўй анљом ёфт. Симо арўси нозанине шуд, хусуру хушдоман аз маърифати воло ва њунармандии келин розї буданду ўро бо тўњфањои ќимматбањо эрка мекарданд. Њотам, арўси нозанинашро дигар ба донишгоњ рафтан намонд, Симо њам чизе нагуфт, зеро шавњарашро дўст медошту гапаш барои ў ќонун буд. Аммо бо гузаштани як сол мурѓи мусибат дар ин хонадони хушбахт лона кард, хусуру хушдоманаш њангоми омадан аз истироњатгоњ ба садамаи автомобилї афтида нобуд шуданд. Симо аз шунидани ин вањшат кўдаки батнашро афтонд. Њотам, ѓамзадаю парешон мегашт, акнун бори вазнини тиљорати падар бар дўши ў афтида буд… Аз ин байн панљ сол гузашт, Њотам бо сари баланд аз имтињони зиндагї гузашта, тољири муваффаќе шуд. Симо баъди табобатњои зиёд њомиладор шуда бошад њам, ба њамаи ин нигоњ накарда, доим банди кори рўзгор буд. Тамоми ташвиши хонадони сермењмони шавњар бар дӯши ӯ буд, Њотам аз ў хоњиш мекард, ки ёрдамчие гирад, вале Симо розї намешуд. Рўзу моњи зоданаш ќариб меомад, авњолаш бад шуду шавњараш ӯро ба беморхона хобонд. Як нимашаб хоб дид, ки дар хонааш саги бадхашме даву тоз дораду ўро ба хона даромадан намемонад. Ў аз хобаш дод зада бедор шуд, ба соат нигарист, аќрабак аз як гузашта буд. Љавонзан либосњояшро пўшида, ба назди дар омад, њамшираи нигањбон назди дар набуд, ў оњиста ќулфаки дарро кўшода ба берун баромада, таксї киро карда ба хонааш омад. Дарвоза кушода, чароѓи хонаи хоб фурўзон ва садои пасти мусиќї меомад. Симо ба хонаи хоб наздик шуд, аз он љо овози паст-пасти гапзанї ва хандаи марду зан меомад, чун дарро кушод, духтараки љавонеро дар оѓўши Њотами дид, онњо лучи модарзод буданд. Симо бењолона рўйи ќолин нишаст, Њотам намедонист чӣ гўяд, духтарак рўљои кати хобро кашида ба миёнаш басту бо як бешармии хос гуфт:
- Асалљон, чї хомўшї, кор аз кор гузашт, ба занат гўй, ки духтарии маро ту гирифтаї ва дар назди волидону хешу таборам ман зани дуюми ту њастам, аз ин рў, ба њељ куљо намеравам, хоњад, бо мо зиндагї кунад, нахоњад не!
Симо дигар ёд надорад, ки дар он нањсхона чї рўй дод, зеро дар беморхона ба худ омад ва аз ў хушхабар гирифтанд, ки писарча таваллуд кардааст. Пас аз чанд соати ба худ омаданаш Њотам ба хабаргирияш омад, Симо бо ў гап задан нахост, вале Њотам ба љойи узру бахшиш гуфт:
- Симо, Гулбарг низ њомиладор аст, ман ўро партофта наметавонам, ў дар њавлї мемонад, барои ту ва писарам дар маркази шањр хона харидаам, шумо ба он ҷо мекўчед…
-Гулбарг… -Симо танњо ҳамин як суханро гуфту халос. Рўзе, ки ўро аз беморхона љавоб медоданд, Њотам худаш наомада, ронандаашро равон кард, ки Симоро бо писараш ба хонаи нав барад. ҷавонзан аз ин беањамияти шавњар ва садамаи рўҳии вақтҳои ахир бардоштааш, хеле ошуфта буд ва ба мошин нанишаста, худаш пиёда-пиёда аз бинои беморхона берун шуд ва ба падараш занг зада, буду шуди воқеаро нақл кард. Амаки Алӣ аз носипосии домоди «бегона» дар хашм шуда гуфт:
-Духтарам, њаромияшро зери мошин партофта, ба хона баргард! Ман туро танњо ба он номард дода будам, танҳо қабулат мекунам!
Симо ба роњи мошингард нигарист, «ЉИП»-е бо суръати баланд меомад, ў писараки деринтизорашро ба оѓўшаш зер карда, худро зери он партофт… Аз садои баланди муҳаррики мошин њама гирди он љамъ омаданд, аз парпечи кўдак хун мешорид, Симо бошад, бењуш мехобид. Имрўз қазияи Симоро додгоҳ тафтиш карда истодаасту худи ў дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, ягона касе, ки ба хабаргирии ў меояд, ҳотами аз карда пушймон аст, ў мушти пушаймонӣ ба сар мезанад, зеро ба тори макри фоњишае афтода, зани вафодорашро ба кунҷи зиндон партофт…