arzon replenishment
Карина Капур дар интизори фарзанди дувум аст
1334

 Ҳунарпешаи 39-солаи ҳинд Карина Капур эълон кардааст, ки ба наздикӣ бори дигар модар хоҳад шуд.

Ӯ акси навашро дар саҳифаи Инстаграм нашр карда, бо табъи болида ин хушхабарро ба мухлисонаш расонидааст. “Мо хеле хурсандем, ки ба шумо дар бораи комил шудани оилаамон хабар медиҳем. Аз ҳамаатон барои таманниётҳои нек ва муҳаббату самимияти беандоза миннатдорем”,-навиштааст хонум Карина. Ҳунарпеша дар бораи тифли батнаш дигар ахборотеро пахш накардааст. Карина Капур ҳамсари дувуми ҳунарманди 50-солаи ҳинд Сайф Алӣ Хон мебошад. Ҷуфти ҳунарманд 16-уми октябри соли 2012 оиладор шуда буданд.

Таймур Алӣ Хон, нахустфарзанди Карина аз шавҳараш 20-уми декабри соли 2016 ба дунё омадааст. Сайф Алӣ Хон бори аввал соли 1991 бо Амрита Сингҳ, ҳунарпешаи ҳинд, ки аз худаш 12 сол калон аст, оила барпо карда буд. Баъди 13 соли оиладорӣ соли 2004 онҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва ду фарзандашон Сара Алӣ Хон (1995) ва Иброҳим Алӣ Хон (2001) ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД