arzon replenishment
Кампири 110-солаи тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ мегӯяд?
09.05.2023
Махина
843


Владимир Путин ба Фотима Салимова медал доду...
Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 78 сол сипарӣ гардид. Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон ҷони худро барои ҳифзи Ватан аз даст доданду ҳазорҳои дигар дар ақибгоҳ барои таъмини ғизо ба ҷанговарон саҳми босазое гузоштанд.

Яке аз қаҳрамонҳои ақибгоҳ Фотима Салимоваи мебошад, ки шавҳари аввалашро дар ин ҷанг аз даст дод ва худ дар ақибгоҳ бошарафона хизмат кард ва имрӯзҳо дар ҳақлаи пайвандонаш зиндагӣ дорад.


Бибии Фотима ба баҳори 110 солгарди умраш қадам ниҳод. Ин зани дарозумр дар ҷамаоти деҳоти Ҷорубқул (ҳозира С. Раҳимов)-и ноҳияи Термурмаликии вилояти Хатлон ба сар мебарад. Холаи Фотима ягона одами дарозумр дар ин деҳа мебошад. Ин зан тибқи ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият соли 1913 таваллуд шудааст.
Фотима-бибӣ дар кори саҳро обутоб ёфт. 

photo_2023-04-27_15-50-15
Фотима Салимова аз занонест, ки умри пурбаракати хешро сафри зиндагии орому осуда, мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ чи дар даврони Шӯравӣ ва чи дар замони Истиқлолияти давлатӣ намудааст. Ӯ собиқаи зиёда аз 40 солаи корӣ дошта, фаъолияти колхозчигиашро аз собиқ колхози “Правда”-и ҷамоаташ оғоз намудааст. Дар замони кориаш яке аз пахтачинҳои пешқадами колхоз маҳсубёфта, дар баробари ин дигар самтҳои хоҷагидориро вобаста ба мавсим мечархондааст. Саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи хоҷагидорӣ басро назаррас буда, чандин маротиба бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Маҳз ин хизматҳои шоёни ӯро давлату ҳукумати ҷумҳури мадди назар гирифта, дар солгари 110-умини умрашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

Фотимаро бо аспи орзуҳо ба хонаи шавҳар бурданд
Фотима мисли дигар духтарон дар дил ҳавасу умедҳои зиёд мепарварид. Ҳанӯз 17 сол дошту бо меҳнати ҷисмони зиндагии худу хонаводаашонро пеш мебурд. Даҳҳо ҷавони қадрас мехостанд, мисли Фотима ҳамсари меҳнатдӯсту хушлиқо доошта бошанд. Мустафоқулов аз миёни ин ҷавонҳо тақдираш бо Фотима пайваст шуд. Ӯ ҷавони чорпаҳлу, ки садҳо духтари ҳамдеҳааш орзуяшро мекарданд, Фотимаи зебосанаму хушрафторро интихоб кард. Тӯи онҳо барои ҳамонзамон хеле хотирон ва пур аз ҳавас гузашт. Шавҳари Фотима бо аспи орододашуда, ӯро ба хонаи бахташ овард ва зиндагии онҳо оғоз гашт.

Оғози ширину анҷоми хунин
Бибии Фотима ҳамроҳи Мустафоқулов зиндагии хубу хуш ва орому пур аз муҳаббату орзуҳоро оғоз карданд. Ҳамеша орзу мекарданд, ки то лазҳаҳои охири ҳаёт бо паи ҳам умр ба сар мебаранду зиндагии ширинашонро намудани ибрат барои дигарон мегузаронанд. Аммо фалак кори худашро кард. Баъди каме вақт гузаштанд Ҷанги бузургӣ Ватанӣ оғоз шуду Мустафоқуловро дар баробари ҳазорҳо ҷавон ба ҷанг сафарбар карданд. Соли 1941 фронт равона шуд ва дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона ҳалок гардид.

photo_2023-04-27_15-50-18

Издивоҷи дубораи бибии Фотима

Фавти шавҳар барои Фотима дарди сахту сангинро пешорӯяш гузошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ояндаи дурахшон интизораш аст. То охирин иштирокчиёни ҷанг интизор буд, аммо шавҳараш дигар барнагашт. Ҳамин тавр Фотима соли 1948 маротибаи дуюм ба шавҳар мебарояд ва аз ин издивоҷ соҳиби се писар мешавад. Имрӯзҳо атрофи ин бибии давлатмандонро фарзандони баркамол бо фарзандонашон гарму чароғон кардаанд.

13 чабера, 75 набераю...
Бибии Фотима дар умри 110 солагиаш мушкилиҳову сахтиҳои зиёдро паси сар кард, гоҳе бенон монду бо қатраи обе қувват гирифт, то ба хотири фарзандон зинда монад. Ӯ ашки гурӯснагиро аз фарзандон пинҳонӣ резон аз майдонҳо дона –дона гандум ҷамъ кард, то гарди орде шаваду дар дег сурх карда, хӯроке пазаду пеши се писараш гузорад. Ӯ бо карбосе пираҳон духту зери офтоби сӯзон заҳмат кашид, то хонааш аз нон холӣ нашавад. Гоҳе ба пояш хор халиду гоҳи дигар писарон дар пушт роҳи саҳроро пеш гирифт, то фарзандонаш муҳтоҷ ва дастнигари касе нашаванд. Номуси мардонаи модар нагузошт, ки дар даврахои душвортарин ҷигарбандонаш гурӯснагиро эҳсос кунанд. Ҳамон заҳматҳову давиданҳову афтодану хестанҳояш барабас нарафт. Имрӯз ҳамон 3 фарзанди бо обилаҳои даст парваридааш ҳамроҳи фарзандонашон, ки дар маҷмӯъ 20 набера, 75 абера ва 13 чабера ҳастанд, дар гирдаш парвонавор чарх мезананд. Писари якумаш Гулаев Қарабой алҳол 73 сола буда, Гулаев Назир ва Гулаев Бозорбой дар синни 60 - 66 солагӣ қарор доранд.
Бибии Фотимаро Президенти Русия бо медали 75 солагии ҶБВ қадрдони кард.

Фотима мисли дигар занҳои тоҷик дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қувваҳои мусаллаҳ бар зидди фашисти гитлерӣ шабу рӯз меҳнат кардааст. Заҳматҳои Холаи Фотима барабас нарафта, садоқатмандона дар ақибгоҳ хизмат кардан ва саҳм гузоштан дар Ғалаба бар фашизми гитлериро ба назар гирфта, соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Руссия ин зани тоҷик бо медали “75 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.

photo_2023-04-27_15-50-17

Таваҷҷуҳи мақомот ӯро хушҳол мекунад
Момаи Фотима бо шукргузорӣ аз давлату ҳукумати мамлакат хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақому манзалати зан – модарро баланд бардошта, ба занону бонувони собиқадор таваҷҷуҳи беандозае доранд, минатдор аст. Ӯ, ки нобасомониҳои зиёдро асар гузаронидааст, дар фазои осоиштаи кишвар умри хешро сипарӣ карданро давлати гаронарзиш меҳисобад. Мо ба ин зани заҳматкаш ва Қаҳрамони меҳнат, дорандаи медали “75 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945”-ро ки дар баҳори 110 - солгаӣ қарор доранд, саломатӣ, хушҳолиро таманно дорем.
М. Давлатова
Шералӣ ДАВЛАТОВ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД