Нисбати Камолиддин Одилов, директори генералии ҶММ ”Арса” барои бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани қариб 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, ки ширкати мазкур бо ваъдаи таъмин намудан бо кори сердаромад дар Британияи Кабир 69 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро фиреб дода, аз онҳо пули калон гирифтааст.
Қаллобии ширкати “Арса” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта фош шуда, директори генералии корхона Камолиддин Одилов ба ҳабс гирифта шуд.
Тавре зимни нишасти хабарӣ дар Агентии мубориза бар фасод иттилоъ доданд, директори генералии «Арса» Камолиддин Одилов шахсонеро, ки орзуи дар кишварҳои хориҷӣ кор кардан доштаанд, бовар мекунондааст, ки барои бо роҳи қонунӣ ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан кумак мерасонад ва одамон ба ҳарфаш бовар карда, маблағи талабшударо ба суратҳисобаш мегузаронидаанд. Бо ҳамин усул ширкат 1 миллиону 939 ҳазору 180 сомонӣ маблағи мардумро аз худ намудааст.
Айни замон парвандаи Камолиддин Одилов барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.