Даричаи ошноӣ:
Камил Нурматов дар Федератсияи Русия таваллуд шуда, дар 4-солагӣ ҳамроҳи волидайн ба зодгоҳи падараш ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон мекӯчад. Пас аз хатми синфи 9 ба Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда, соли 2020 онро хатм мекунад. Камил ният дошт, ки ба Донишгоҳи индустриалии Тюмен дохил шавад, вале бо вуҷуди бо баҳои аъло супоридани имтиҳони қабул, бемории ҳамагири COVID-19 шурӯъ шуду, ӯ натавонист барои идома таҳсил ба Русия равад. Бинобар ин, ӯ ба риштаи табиатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуда онро хатм кард. Камил аз хурдӣ ба илмҳои дақиқ, аз ҷумла физика завқ дошт ва дастгоҳҳои гуногун месохт. Яке аз ихтироъҳои ӯ дастгоҳи Eco-plus мебошад, ки самаранонкиро бештар сарфи сӯзишвориро камтар мекунад ва илова бар ин ҷараёни электрикӣ ҳосил менамояд. Ихтироъи Камил соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат” соҳиби ҷоиза шуд. Камил сарояндаи ҷавон низ ҳаст ва сурудҳояш аллакай мухлисони зиёде пайдо кардаанд.
- Шумо дар як муддати кӯтоҳ, яъне давоми 3-4 соле, ки рӯи саҳна ҳастед, зиёда аз 20 суруд сабт карда, мухлисони зиёде пайдо кардед ва дар ҷомеа ҳамчун сароянда муаррифӣ шудед. Сири муваффақияти шумо дар чист?
- То чӣ ҳад муаррифӣ гардидам ва мухлисон ба ҳунари ман чӣ назар доранд, инро албатта ман қазоват карда наметавонам. Вале муваффақ шудан аз бомаром кор кардан, дар як моҳ ё ду моҳ як суруд ё клип сабт кардан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будан ва заҳмат кашидан аст.
- Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастед. Саҳифаҳоятонро худатон пеш мебаред ё ба ягон нафар вогузор кардаед?
- Албатта, худам пеш мебарам. Зеро коре, ки ман анҷом додан мехоҳам, каси дигар дарк карданаш душвор аст.
- Камил, шумо дар баробари сарояндагӣ муаллим ҳам ҳастед. Барои пеш бурдани ин ду пешаи заҳматталаб кай вақт меёбед?
- Бале, банда ду сол боз аз фанни физика дар Литсейи №3 дарс медиҳам. Чунки аз рӯйи ихтисос физик ҳастам. Ман ҳоло ба шумо реҷаи рӯзамро мефаҳмонам. Саҳари барвақт соати 5:30-6:00 аз хоб мехезаму ба кор меравам. Баъди анҷоми дарсҳо ба машқи мусиқӣ (репетиция) меравам. Пас аз он, давоми рӯз дарсҳои иловагӣ дорам, ки ба онҳо машғул мешавам. Боз ба студия меоям ва то соати 12-1-и шаб, баъзан то 4-и саҳар он ҷо мемонам ва ба тамрину сабт ва омода кардани сурудҳоям машғул мешавам. Барои хоб ҳамагӣ 3-4 соат вақт меёбам. Алаббата, сахт хаста мешавам, аммо ҳоло, ки ҷавонам, фикр мекунам давраи кор карданам аст, то дар оянда роҳаташро бинам.
- Албатта, ягон кор бе мушкилӣ нест. Оё дар роҳи шумо низ мушкилоте буд, ки рӯҳафтода шавед ва омода будед, ки аз пешаи хеш даст кашед?
- Як қиссаро бароятон нақл мекунам. Дар синфи 7-ум мехондам. Худам бачаи деҳотӣ, ки ҳастам, падарам гуфтанд, ки намехонӣ, ба Русия муҳоҷират меравӣ. Гуфтам, ки хонда муваффақ шудан мехоҳам, намехоҳам ба мардикорӣ равам. Тағоям Амонҷонов Зулфиддин, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, ки "ҷиян, ҳамин ки синфи 9-ро бо баҳои аъло хатм кардӣ, омодагиатро бин, ман туро ба Душанбе мебарам". Ман он вақт аллакай сахт дилмонда шуда будам, вале ин гапи тағоям бароям рӯҳия бахшид. Ба таҳсил ҷиддитар машғул шудам, бисёр кӯшиш кардам ва бо шарофати тағоям ба пойтахт омадам, таҳсил кардам, донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намудам. То ҳол аз тағоям дар корҳоям маслиҳат мегирам.
Ҳолати дигар ин буд, ки духтари дӯстмедоштаам медонист, ки ман сароянда ҳастам ва ин корро давом медиҳам, аммо рӯзе гуфт, ки "ё ман ё ҳунар!". Дар дуроҳа мондам. Намехостам ҳардуро ҳам аз даст диҳам. Вале дар охир роҳи ҳунар ва ихтироъкориро интихоб кардам. Зеро нафаре агар туро дӯст дорад, бояд ҳаргунае, ки ҳастӣ қабул кунад. Лекин ӯ қабул накард. Паноҳаш ба Худо. Чи тавре мегӯянд, агар ягон кас ба ту насиб накарда бошад, Худо аз ӯ беҳтарашро бароят медиҳад.
- Бале, ҳеҷ кор бе ҳикмат нест. Биёед, акнун дар мавриди клипҳоятон суҳбат мекунем. Идея аз куҷо пайдо мешавад, матну сенарияро барои шумо кӣ менависад?
- Вақте идея пайдо мешавад ман онро дар сарам мепазонам. Баъдан ба ҳуши маснуъӣ - Chat GPT ҳамаашро мефаҳмонем ва хоҳиш мекунам, ки ба мо ягон сенария пешниҳод кунад, ки ба аудиторияи Тоҷикистон писанд ояд. Ҳоло агар бо ҳуши маснуъӣ кор кунем ва аз он самаранок истифода намоем ба ягон сенариянавис пул додан лозим нест. Аз ин имконони замони нав самаранок истифода бурдан лозим аст. Бисёриҳо то ҳол намедонанд, ки ҳуши маснуъӣ чист. Ҳамин тавр, идеяҳои мо такмил ёфта пухта мерасад.
- Зери наворҳои шумо шарҳҳои мусбат зиёданд. Мушоҳида кардаде, ки ин шарҳҳоро бисёртар духтарон менависанд ё писарон?
- Албатта писарон ҳам ҳастанд, аммо 60 фоизи мухлисони ман духтарон мебошанд. Зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорам ва аз ин беш аз 60 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Дар кӯчаҳо ҳам асосан духтарҳо омада сурат мегиранд. Писарон нисбатан бетаваҷҷуҳанд ё ғурурашон иҷозат намедиҳад, ки мухлис буданашонро ошкоро гӯянд.
- Дар берун аз кишвар мухлисонатон ҳастанд?
- Бале. Бештар аз Русия мухлис дорам ва онҳо бароям зиёд менависанд. Ростӣ, вақте дар Русия ҳунарнамоӣ кардам, дарк намудам, ки нисбат ба Тоҷикистон дар он ҷо истеъдод ва шахси эҷодкорро қадр мекунанд. Ба эҷодкор бисёр муносибати хуб доранд. Вақте соли 2023 ба Русия барои иштирок дар як форум рафта будам, пешакӣ дар CV-и худ навишта будам, ки ихтироъкор ва сароянда ҳастам. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ҳошияи форуми ихтироъкорон суруд хонам. Розӣ шудам ва ба забони русӣ ва тоҷикӣ суруд хондам. Ба онҳо хеле писанд омад. То ҳол ба ман менависанд, дар телеграм-каналам шарҳҳои хуб мегузоранд ва дастгирӣ мекунанд. Ин одамро хурсанд мекунад.
- Се суруди наватонро гуфта метавонед, ки то ҳол пахш нашудааст. Мухлисон кай онҳоро метавонанд интизор шаванд?
- Суруди аввалам дар соли 2025 бо номи "Сториз" бо 3 забон, испанӣ, тоҷикӣ ва англисӣ пахш мешавад. Баъд аз он ҳоло як суруди дигар бо номи "Бэйби" таҳия кардаистодаам, ки ба наздикӣ пешниҳод мекунем. Як суруди дигар дорам, ки номашро ошкор намекунам.
- Камил дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Мехоҳам дар ҷодаи ҳунар ба дастовардҳои бештар ноил шавам ва сурудҳое эҷод кунам, ки ба мухлисон писанд ояд. Дар самти кашфиёт мехоҳам бештар кор кунам ва дар оянда ягон ихтирое кунам, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба фоидаи тамоми ҷаҳониён бошад. Мардум аз он истифода баранду ба ман ва волидонам раҳмат гӯянд. Ва албатта, ҳадафи ниҳоии ман ин аст, ки миллионер шавам.
- Мо ба Шумо барор мехоҳем.
Мусоҳиб: Моҳлиқо ШАРИФОВА