Дар таркиби каду калий, оҳан, калтсий, магний бисёр буда, барои ором кардани асаб, қадпастӣ, рахит, бемориҳои дилу раг кӯмак мерасонад. Истифодаи кадуи хом рагҳои хунро тақвият мебахшад ва фишорро дар меъёр нигоҳ медорад.
Витамини С, ки дар таркиби каду мавҷуд аст, иммунитетро мустаҳкам мекунад ва ба организм дар мубориза бо бемориҳои вирусӣ кӯмак мекунад. Фоидаи кадуи пухта дар он аст, ки заҳрҳо, токсин ва холестеринро аз ҷисм хориҷ мекунад. Каду барои парҳези табобатӣ беҳтарин даво аст.
Дар таркиби каду, ки миқдори намаки мис ва оҳан бисёр аст, барои камхунӣ ва атеросклероз фоида дорад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки беморони системаи дилу раг бояд кадуро бештар истеъмол кунанд.
Ҳамзамон каду – воситаи пешобовар ва ислоҳовар аст. Кадуи пухта муфид аст, зеро бо варам мубориза мебарад ва моеи зиёдатиро аз организм хориҷ мекунад. Инчунин, каду фаъолияти ҷигар, рӯдаю меъдаро беҳтар мекунад. Витамини Е раванди пиршавии организмро суст мекунад.
Шарбати тару тозаи каду барои кори мӯътадили системаи асаб хеле муфид аст, зеро таъсири таскинбахш дорад. Резаи кадуи хом барои табобати мушкилоти пӯст – экзема, сӯхтанӣ, доғҳо истифода бурда мешавад. Каду таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад ва ба захмҳо кӯмак мерасонад.
На танҳо каду, балки тухми он ҳам дар табобат истифода мешавад. Вале кадуро одамони гирифтори захми меъда ва кислотаи баланд, инчунин диабетҳо бояд эҳтиёткорона истифода баранд, зеро он нишондиҳандаи баланди гликемикӣ дорад.