Рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябр дар Душанбе дар як қатор хиёбону кӯчаҳо бинобар сабаби баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ маҳдудиятҳои муваққатии ҳаракати нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.
Ҳамин тавр, аз субҳи барвақт то соати 11:00 ронандагон ба қитъаи роҳ аз кӯчаи А. Дониш то чорроҳаи хиёбони С.Айнӣ (аз гардиши фурудгоҳ то Маркази савдои "Садбарг") дастрасӣ надоранд.
Илова бар ин, ҳаракати нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ то Кохи Сомон давоми рӯз комилан баста мешавад.
Ҳамчунин, дар аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то Беморхонаи Қарияи Боло маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шуда, гузаргоҳ боз боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ бо далели гузашти сарони кишварҳо то шом баста мешаванд. Мумкин аст, ки дар давоми якчанд соат ҳаракат дар муддати кӯтоҳ барқарор шавад, аммо ин кафолат дода намешавад.
Ҳамчунин, аз кӯчаи Низомии Ганҷавӣ (собиқ Ломоносов) то Карамов ва аз кӯчаи Ҳувайдуллоев то Шерализода муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.