Arzon march 2024
Кабудсулфа ва роҳҳои пешгирии он
1425

Сулфаи кабудак аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, барангезандаи он бактерияҳои "Bordetella pertussis" аст, ки узвҳои нафаскаширо азият медиҳад.

Ин беморӣ хоси тифлони то 6-моҳа буда, ҳамчунон кӯдакони аз 11 то 18-солае, ки ваксинаҳои бемориро нагирифтаанд ва масъунияташон барои мубориза бо ин бактерияҳо заиф мебошад, ба он гирифтор мешаванд.

Аломатҳои беморӣ ба зуком монанд буда, рехтани оби бинӣ, атса задан, баланд шудани ҳарорати бадан ва сулфа мебошад. Пас аз ворид шудани бактерияи беморӣ сулфаи сахт хуруҷ карда, гоҳҳо аз як дақиқа зиёд давом мекунад, ки аз шиддати он рӯяш сурх ва кабудчатоб гашта, чанд сония нафаскашии кӯдак катъ мешавад. Пас аз ин ҳолат ҳангоми нафаскашӣ садои ҳиҷ-ҳиҷ шунида мешавад.

Онҳое, ки ба сулфаи кабуд гирифтор мешаванд, нисбат ба тифлон аломатҳои сабуктар доранд.

Тибқи маълумоти табибон давраи ниҳоии бемории кабудсулфа аз 7 то 10 рӯз ва гоҳҳо метавонад то 21 рӯз идома ёбад. Давраи ниҳоӣ ин аз вақти сироят то ифшо шудани нишонаҳои бемориро мегӯянд. 

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ қайд кардаанд, ки сулфаи кабудро тавассути ваксинаи муайяншуда бар зидди ин беморӣ, ки АКДС ном дорад, (дифтерия, кузоз ва гулӯзиндонакро низ пешгирӣ мекунад) пешгирӣ кардан имконпазир аст.

Вазорати тандурустии Амико иттилоъ додааст, ки то ҷорӣ кардани ваксина танҳо дар ин кишвар ҳамасола тақрибан 9000 нафар аз ин беморӣ мефавтиданд. Ваксинаи сулфаи кабуд ҳоло сатҳи фавти солонаро то 20 маротиба кам кардааст. Аммо, солҳои охир шумораи гирифторони он рӯ ба афзоиш аст.

Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2021 шумораи гирифторони сулфаи кабуд дар ҷаҳон ба 50 000 нафар расид, ки ин рақам нисбат ба солҳои 50-ум баландтарин аст.

Аз идора: Хонандагони азиз, рӯзҳои наздик шарҳи табибони тоҷикро дар мавриди роҳҳои ин беморӣ ва василаҳои пешгирии он пешниҳод мекунем. Агар шумо ҳам савол доред, ба мо нависед. Мо ҳатман ба саволҳои шумо посух хоҳем гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
988066667 2023-07-23, 22:45
Салом ма дугоники дорм ду мох мешава кабуд сулфаан кудако хафтмоха дохтур бурдем соз нашуд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
988066667 2023-07-23, 22:45
Салом ма дугоники дорм ду мох мешава кабуд сулфаан кудако хафтмоха дохтур бурдем соз нашуд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД