arzon replenishment
Кӣ ҳаққи никоҳ кардан дорад?
549

Меъёрҳои динӣ бармегардад ба фаранги мардум. Сад фоиз, ҳамаҷониба ба танзим дароварда нашудааст, дар ягонҷо. Ин чизи шахсӣ аст ва вобаста ба эътиқоди шахсии хеш назди олим, домуллои дилхоҳаш меравад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин танҳо имомхатибоне, ки бо Кумитаи дин шартнома доранд, барои адо намудани он хизматрасонии маънавӣ ки дар маҳали зисташон мекунанд, онҳо дафтарҳои бастани ақди никоҳи мусалмонӣ доранд. Пеш аз он ки онҳо никоҳи мусалмониро ба ҷо меоранд, никоҳшавандагон бояд аз қайди давлатии САҲШ гузаранд ва баъдан эмомхатиб ҳақ дорад маросими бастани никоҳро анҷом диҳад.

Мутассифона, бештар маросимҳои динӣ бармегардад ба чизҳои индивидуалӣ. Яъне хоҳ нохоҳ як нафар дӯст ё шиносе дорад, ки аз дин бохабар аст ва ба ӯ муроҷиат мекунад.

Ин нуқтаро Сулаймон Давлатзода, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳа қайд гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД