Arzon march 2024
ҒИЗОЛ ИНОЯТ: ДИГАР ХОМӮШ БУДА НАМЕТАВОНАМ!
06.09.2021
Оила
5362

 

Ғизол Иноят, овозхони 31-солаи афғон, ки феълан дар шаҳри Торонтои Канада кору зиндагӣ мекунад, дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон аз мардуми кишвараш хостааст, ки муттаҳид бошанду якҷоя садо баланд кунанд.

Навори муроҷиати овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш нашр шудааст. Ғизол мегӯяд, то ин дам ба он хотир хомӯш буд, ки аз сиёсат чизеро намедонист, вале дигар хомӯш буда наметавонад.

“Дигар наметавонам, ки ҳамватанони азизам дар муқобили чашмонам азият кашанду ман тамошобин бошам. Ҳамватанони азизам, биёед, муттаҳид шавему ҳамбастагии худро эълон кунем. Ман ба унвони як хоҳари шумо ҳаминро мегӯям, ки ҳамеша дар каноратон ҳастам ва то ҳадди имкон садои шуморо ба гӯши ҷаҳониён мерасонам”,-мегӯяд Ғизол Иноят ва умедвор аст, ки дигар ҳунармандон низ ӯро ҷонибдорӣ мекунанд. Зимнан, Ғизол Иноят ягона овозхони афғон нест, ки бар зидди “Толибон” (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) садо баланд мекунад. Чанд рӯз қабл Фарҳоди Дарё, овозхони 58-солаи афғон, низ дар як муроҷиатномааш ба яке аз роҳбарони “Толибон” хоста буд, ки мардумро натарсонанду насли наврасро бо тарс ба воя нарасонанд, зеро Афғонистон дигар он Афғонистони пешин нест. Ғизолро дар Тоҷикистон баъди як бадеҳааш бо Садриддини Наҷмиддин дар соли 2015 мешиносанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД