Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти бошгоҳии мавсими нав ҳуқуқ доранд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 муҷаввиз гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки агар дастаи шаҳри Душанбе ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад.