Тими “Истиқлол” ғолиби даври ниҳоии “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гашт. Дар ин бора ФФТ хабар додааст.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Тими «Панҷшер» барои ҷойи сеюм бо дастаи «Сомон» мубориза бурда, бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст овард.
Ҳамин тавр, 3 дастаи ғолиби мусобиқа муайян гаштанд. “Истиқлол” сазовори ҷойи аввал гашта, дар баробари ба даст овардани Ҷоми ФФТ-2025 бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА сазовори ҷойи дуюм гашта, соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ гашт. «Панҷшер» дар зинаи сеюм қарор гирифта, соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардидааст.
Денис Беганович, нимҳимоятгари «Истиқлол» беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд.