Ҳукумати Норвегия тасмим гирифтааст, ки ба қонунҳои ин кишвар тағйирот ворид намуда, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола манъ намояд. Дар ин бора агентии «Reuters» хабар додааст.
Тибқи тағйроти пешниҳодшуда ба қонун, минбаъд кӯдакони то 15-сола набояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. Интизор меравад, ки лоиҳаи қонун то охири соли 2026 ба парлумони кишвар пешниҳод гардад.
«Бозиҳо, дӯстӣ ва ҳаёти ҳаррӯза набояд зери таъсири алгоритмҳо ва экранҳо қарор гиранд. Ин як тадбири муҳим барои ҳифзи фазои рақамии кӯдакон аст»,- изҳор доштааст Сарвазири Норвегия Йонас Гар Стере.
Дар Парлумони Норвегия аксарият аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд, аммо то ҳол мушаххас нагардидааст, ки назорат аз болои иҷрои ин қонун чӣ гуна амалӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ талош доранд истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби кӯдакон маҳдуд созанд. Аз ҷумла Австралия моҳи декабри соли гузашта аввалин шуда, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои афроди то 16-сола манъ кард. Дар Австралия ин маҳдудият ба Instagram, Facebook, TikTok, Snapchat, инчунин Google, YouTube ва шабакаи иҷтимоии X ҷорӣ шудааст.