Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ пас аз баромади муваффақона дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ тариқи транзит аз Давҳа ба Ватан баргашт.
Мухлисони бешумор ва намояндагони соҳаи варзиши меҳан футболбозони мунтахаби наврасони кишварро гарму самимӣ, новобаста аз ҳавои боронии баҳорӣ, истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони мо ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфта, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, соҳиб шуд.