Дар Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” шуъбаи тавонбахшӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, дар расми ифтитоҳи он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, мудири бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Юсуфзода ва роҳбари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) Ибраҳим Этхем Унал иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки бинои шуъбаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳарчи бештар ба тавонбахшӣ фаро гирифтани бошандагон аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пурра таъмир гардида, он аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
- Шуъбаи тавонбахшӣ аз ҳуҷраҳои тандармонӣ, истироҳат баъд аз гирифтани тавонбахшӣ, маҳсдармонӣ ва ҳуҷраи машқҳои сабук иборат буда, дар онҳо баҳри ба тавонбахшӣ фаро гирифтани бошандагони муассисаи мазкур тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст,- меафзояд манбаъ.