Қиссаи пурсӯзу гудози ман сужаи филмҳои ҳиндиро мемонад, ки шояд ба ҳақиқат доштанаш боваратон наояд, вале ман бо ирсол намудани акси худ мехоҳам воқеӣ будани сарнавишти худро собит намоям. Сабаби ба дасти қалам додани қиссаи зиндагиям дар он аст, ки мехоҳам дигарон аз он барои худ панд бигиранд.
Хусусан падару модароне, ки замони кучак будани фарзандонашон оилавайрон мешаванд, аз ҷигарбандони худ ҳақиқатро пинҳон надоранд. Маҳз хатои падар ва пайвандонам сабаб гашту ман имрӯз дар чорроҳаи қисмат зору нолон мондаам. Сарҳисоби зиндагиро гум кардаам, ба ишқу муҳаббат нафрат ва аз ояндаи худ ҳарос дорам...
Тифливу бемодарӣ
Хусрав ном дорам, дар яке аз деҳаҳои дурдасттарину зерикуҳии ноҳияи Ҳисор умр ба сар мебарам. Волидонам баъди издивоҷ дар ноҳияи Ёвон, ки ватани модариям аст, зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Замони 2-сола буданам, модарам ҳомиладор мешаванду табибон баъди ташхис тифли батнашро бемор ва инкишофнаёфта арзёбӣ мекунанд. Падарам аз шунидани ин хабар ба ғазаб омада, дарҳол ҷавоби модарамро медиҳанду маро бо худ гирифта, ба деҳаи худаш бармегардад. Аз рӯзе, ки кам-кам ақл пайдо кардам, пайваста модарамро суроғ мекардам, вале пайвандони падарӣ мегуфтанд, ки модарам вафот кардааст. Ман низ ба тақдир тан дода, бе модар ба воя расидам. Баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, ба пойтахт омадам. Айёми донишҷӯӣ ҳамарӯза дар хиёбонҳои шаҳр қадам зада, аз зебоиҳои пойтахт ҳаловат мебурдам. Рӯзе дар хиёбони назди бозори Шоҳмансур (бозори Зелёний) занону духтаронеро дидам, ки бо шинонидани гулҳо машғул буданд. Ин замон нигоҳам ба духтараке афтид, ки бо дастони нозукаш гул мешинонид. Беихтиёр наздаш рафтаму салом додам ва чӣ қадар маош гирифтанашро пурсон шудам. Духтарак низ бепарво ба суолҳоям посух гуфту аз пайи кори худ овора буд. Вақте аз ӯ рақами телефонашро пурсидам, дар аввал каме ранҷида гуфт, ки ӯро аҳмақ карданӣ бошам, ба роҳам рафтан гирам. Ба духтар гуфтам, ки ниятам пок аст ва бо эҳсоси он ки хеле духтари самимиву заминӣ аст, бо як дидан писанди худ кардаам ва мехоҳам бо ӯ аз наздик шинос шавам. Чун духтар ҷиддият ва якравии маро дид, рақами телефонашро дод, вале ҳар лаҳза таъкид мекард, ки ӯро масхара накунам.
Ҳамин тавр, шиносоии ман бо Дилбар оғоз ёфт. Дар муддати чанд моҳе, ки Дилбарро маликаи қасри орзуҳои худ интихоб намудам, хушбахттарин инсони рӯи дунё будам. Мехостам Дилбарамро хушбахттарин духтари рӯи дунё созам ва ҳар коре аз дастам меомад, барои хушҳолияш анҷом медодам. Бо вуҷуди ошиқи шайдо буданам боре ҳам ҳатто дасташро нақапидам ва аз ин кори худ имрӯз шукрона мекунам. Дилбар дар назди ҳамкасбонаш пайваста бо ифтихор мегуфтааст, ки зеботарин ва далертарин марди дунё ошиқаш шудааст ва рӯзҳои наздик оила бунёд намуда, бо ҳам хушбахт мегардем, вале...
Хостгорӣ ва ҳақиқат
Инак, фаро расид рӯзе, ки бояд барои хостгории азизи дилам ба хонаи модари Дилбар мерафтам. Суроғаро гирифта, рӯзи таъиншуда ба ноҳияи Ёвон расидем ва бо ҳазор умеду орзу пой ба остонаи манзили Дилбар гузоштам. Вақте аз дари ҳавлияшон даромадем, модараш ба истиқболамон баромаду бо дидани ман “воҳ” гӯён, беҳуш шуда, ба замин афтид. Дарҳол давидем, модарро ба ҳуш овардему сабаби чунин изтиробашро пурсон шудем. Модар ашк мерехту “Хусрави ман, писарам, ту ҷигарбанди ман астӣ” мегуфт. Бо вуҷуди он ки замони аз модар ҷудо шуданам дусола будам, модар маро шинохта буд ва ҳатто барои исботи гуфтаҳояш илова намуд, ки ман дар байни шонаҳоям холи калон дорам ва танҳо баъди ҳамин, ман мутмаин гаштам, ки модари Дилбар модари ман низ аст. Он рӯз барои ману Дилбар рӯзи маҳшар буд, даҳшат буд, марги муҳаббат ва фоҷиаи зиндагиямон буд...
Бозгашти модар ва хоҳар
Имрӯз ман дар зиндагӣ ҳама чизро дорам. Баъди он ки падарам аз дунё гузаштанд, модару хоҳарам ва дигар фарзандони модарро ба хонаи худам овардам. Зиндагиямон хуб аст, аз чизе танқисӣ надорем. Хоҳарамро бо ҷавоне фотиҳа кардем, насиб бошад, тӯйи арӯсияшро низ худам барпо мекунам. Вале ман дигар он Хусрави бепарвову бебок нестам, ман акнун марде ҳастам, ки бо вуҷуди нав ба синни 25 қадам гузоштан ба зиндагӣ нигоҳи дигар дорам. То ҳанӯз наметавонам бо хоҳари худ сари як дастурхон нишаста, мисли бародар ҳарф занам, аз дарди дилаш пурсон шавам. Акнун бояд аз пайи зиндагии худ шавам, оила бунёд намоям, гузаштаро фаромӯш кунам, вале намедонам ҷароҳатҳои қалбамро чӣ гуна шифо бубахшам.
Хеле мехоҳам бо духтари худотарсу хоксоре оила бунёд намоям, ки маро бо қалби поку дили соф қабул намояд. Мехоҳам оилаи хушбахт бунёд намоям, фарзандони солеҳро ба воя расонам. Мутмаинам, ки “Оила” дар пайдо намудани бонуи қалбам кумаки худро дареғ намедорад.
Хусрав