Lmarka 2025 vistavka
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кадом шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд?
09.05.2025
Oila.tj
286

Дар Тоҷикистон ҳоло 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама кӯҳансолтарини онҳо ба синни мубораки 112-солагӣ расидааст.

Дар ин бора аз Шӯрои собиқдадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба “Оила” хабар доданд. Гуфта шуд, ки калонсолтарин иштирокчии ҶБВ феълан дар Тоҷикистон Рашид Каримови 112 – сола аст, ки ҳоло дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор дар ҳалқаи пайвандон зиндагӣ мекунад.

“Оила” тасмим гирифт, ки ба пешвози Рӯзи Ғалаба ин 17 нафар қаҳрамони ҷангро бо маълумот дар бораи рӯз, моҳ ва соли таваллуд, ҳамчунин суроғаи зисташон пешкаши шумо намояд.

Шаҳри Душанбе:

Бозор Нағзибеков - 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем;

Мухтор Заргаров - 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чорякорон

Вилояти Суғд:

Нозим Носиров - 05.10.1924 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло;

Бибола Рӯзиматов - 07.11.1925 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак

Вилояти Хатлон:

Зайнулло Алиев - 06.07.1926 шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер - 2

Сафаралӣ Файзиев - 09.05.1923 шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат;

Розиқ Қосимов - 22. 01.1926 ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод;

Машраб Давлатов - 20.06.1926 ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин;

Гулмурод Тағоев - 01.05.1924 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор;

Мирзо Ғафуров - 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик;

Ҳабиб Сафаров - 25.01.1926 ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир;

Яҳё Мирзоев - 23.08.1925 ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов;

Навоҳии тобеъи марказ:

Рашид Каримов - 01.07.1912 шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ;

Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов - 05.10.1926 шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав;

Абдулазиз Қодиров - 15.06.1922 ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав;

Раҷаб Қурбонов - 17.03.1926 ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб;

Достӣ Умедов - 17.03.1925 ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ширкат карданд, ки 92 ҳазор нафарашон аз ҷанг барнагаштанд.

Барои шуҷоъат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо ва муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз шуда 54 нафар бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда ва 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоъат гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД