«Салом, ба кулли хонандагон ва алоқамандони сомонаи «Оила”. Ман як тоҷикдухтари бо амри тақдир ба ҷавони рус ба шавҳар баромада ҳастам. Шояд шумо ҳайрон мешавед, ки чаро мани тоҷик шавҳари рус кардаам. Қиссаи ба русписар ба шавҳар баромаданам басо пурмоҷарост, вале ....
Наташаро ёфту Нигинаро партофт
Мо дар оила 4 духтару 2 писар будем. Апаи калониям Нигина, ки бисёр духтари зебо буд, харидорони зиёд дошт ва баробари синфи 9-ро хатм намуданаш ӯро ба писари амаки калониям Собир, ки чанд соли охир дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, ба шавҳар доданд. Зиндагии апаам аввалҳо хуб буд, паси ҳам cе писар таваллуд кард. Шавҳараш зуд-зуд занг мезаду пул мефиристод, аммо баъдтар язнаам Собир зану фарзандонашро аҳён-аҳён ба ёд меовардагӣ шуд. Акнун қариб, ки занг намезад, пул фиристодан бошад, ба ёдаш намерасид. Рӯзи зодрӯзи писараш Эҳсонҷон ҳамаамон дар хонаи апаам будем. Аснои буридани торт Нигина ба шавҳараш занг зад, то ки Собир нахустин шуда, писарашро табрик кунад. Ниҳоят баъди рафтани чанд занг Собир гӯширо бардошт. Нигина нав бо меҳрубонӣ ба шавҳараш салом дода буд, ки аз он тараф овози ғазаболуди Собир баланд шуд:
-Бо чӣ занг мезанӣ?! Пул тамом шуд?! Ту асло аз пул сер мешавӣ ё не?!
Нигина аз шарм гиря карда, бо садои гирифта ҷавоб дод:
-Дадаҷонаш, ба ман пул даркор нест, барои он занг задам, ки имрӯз рӯзи зодрӯзи Эҳсонҷон аст…
- Э, неки ту бо ҳамон ҳаромиҳоят безор кардӣ-да! Аз аввал намехостам, ки туи қишлоқиро ба занӣ гирам, лекин рӯйи хотири падарам не гуфта натавонистам. Гумон мекардам, ки баъди шавҳар кардан ақлат медарояду барои ман зан мешавӣ, на хизматгори хонатозакун, лекин ту қишлоқӣ будӣ, қишлоқӣ мондӣ!
Нигина дигар худро дошта натавониста зор- зор гиря кард. Собир ба ҷойи он ки аз нокасияш шарм дорад, баландтар дод зада гуфт:
- Э, ин қадар фиқ-фиқ накун, дар бадам задӣ! Гуфтагӣ барин, ман ин ҷо як зани зебои русро ёфта гирифтам. Номаш Наташаҷон. Ту ба як тори мӯяш намебароӣ. Так что метавонӣ, кӯчу бандатро гирифта, ба хонаи очаҷонат равӣ. Ҷавобатро додам!
Нигина баробари шунидани ибораи «ҷавобатро додам»-и Собири лаин гурсосзанон ба замин афтиду мо бошем, дар ҷоямон шах шудем. Он шаб ҳама то саҳар мотам гирифта нолидему субҳ Нигинаи бадбахтамонро бо бачаҳояш ба хона овардем. Апаам то ҳол барои бегуноҳ талоқ гирифтанаш мегиряд. Бечора аз ғам пӯсту устухон шуда мондааст.
Фотиҳа
Солҳо турнасон гузаштанду ман ҳам синфи 11-ро хатм кардам. Баробари ба даст гирифтани номаи камол амаки дуюмам маро барои писараш Расул, ки дар ким- кадом корхонаи Русия кор мекард, хостгорӣ намуд. Падарам ноилоҷ розӣ шуд, вале баъди фотиҳа шуданам воқеае рух дод, ки назирашро дар деҳа касе надидааст…
Рӯймоли тақдирсоз
Тобистон, мавсими саёҳати сайёҳон буд. Азбаски мо дар куҳистон зиндагӣ мекунем, деҳаамон гузаргоҳи асосии сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Рӯзе субҳи солеҳон барои об задани ҳавлӣ сатил дар даст ба соҳили дарё рафтам. Азбаски рӯймоламро суст баста будам, ба шамоли дарё муқовимат карда натавониста, аз сарам парид ва маҷрои шӯхи дарё онро бо худ бурд. Мӯйи баробари қадам якто кушода шуда бо вазиши насими дарёи шӯх ба бозӣ даромад. Дар ҳамин асно сайёҳе аз кӯча гузашта ин манзараро мебинаду ин ҳолати маро акс мегирад. Ман бошам, ҳайрон будам, ки чӣ кор кунам, зеро субҳ медамиду сари ман бараҳна ва мӯйҳоям тар шуда буданд. Сайёҳ билохира ба наздам омада салом дод ва сабаби ташвишамро пурсид. Гуфтам, ки рӯймолам ба дарё рафту ҳозир мӯйсафедон аз масҷид баромада, маро сарлуч бубинанд, шарманда мешавам. Табассум намуда рӯймолчаи дар шакли гарданбанд дар гарданаш бастаро кушода сӯям дароз кард. Хостам не гӯям, аммо ҳамин дам мӯйсафедон аз роҳи масҷиди деҳа намоён шуданд. Осемасар рӯймолчаро гирифта ба сарам бастам ва сатили обамро гирифта, ба сӯйи ҳавлӣ шитофтам.
Элак баҳонаю дидор ғанимат
Бегоҳӣ бо мақсади баргардонидани рӯймолча бо баҳонаи обгирӣ сӯйи дарё шитофтам. Сайёҳ аллакай он ҷо маро интизор буд. Рӯймолчаашро баргардонида изҳори сипос намудам. Фурсатро ғанимат дониста, вай боз чанд акси дигари маро гирифт. Аз шарм сурх шуда, хоҳиш намудам, ки маро акс нагиранд. Ҷавон табассум намуда аз банди дастам дошту бо забони русӣ гуфт:
-Ман Сергей, аз Маскав. Аз тарафи донишгоҳамон барои омӯзиши иқлими шумо омадаам. Дирӯз баробари дидани ту диламро барои ҳамешагӣ дар ин куҳистон гузоштам. Намедонам номат чист, аммо ман туро «Парии обӣ-Русалка» ном ниҳодам, зеро субҳ ту мисли Русалкаи афсонавӣ зебо будӣ. Медонам, ки ту маро муносиби худ намедонӣ, чунки дину мазҳаб ва миллати ман дигар аст. Ба хотири ту ман тайёрам, ки исломро қабул кунам. Фақат не нагӯй...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)