Arzon march 2024
ИШҚИ МАРГБОРИ САГ
08.08.2021
ДИЛОШӮБ
3185

 

  Дар зиндагии мо баъзан аз беэҳтиётӣ воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки як умр сарнавиштамонро дигар мекунанд.

Фикри мо хоҳу нохоҳ атрофи он мечархаду худро гунаҳгор эҳсос мекунем, ки агар ман ба диқаттар мебудам, шояд ин воқеа рӯй намедод. Агар ман ҳамон рӯз, ҳамон соат ҳамин гуна амал мекардам, кор дигар хелтар ранг мегирифт? Баъд даст ба домани қисмат мекунему мегӯем, чӣ бояд кард, тақдир чунин будааст. Ҳар чизе Худо дар пешонаат навиштааст, агар онро набинӣ, намешавад. Ман низ аз ҷумлаи чунин шахсоне ҳастам, ки дар як фоҷиаи зиндагиямон худамро мудом гунаҳгор меҳисобам.

Аз коргоҳ то хонаам ду истгоҳ роҳ аст, рӯзи дароз зери бодбезҳо дар ҳуҷраҳои маҳкам истода кор кардан маро сахт хаста мекунаду бисёр бегоҳирӯзиҳо ин роҳро пиёда тай мекунам. Як бегоҳ дар кӯча духтарчаи чилкокули нозанинеро дидам, ки бо сагчае бо меҳрабонӣ ҳарф мезад, гӯё бо одам. Модараш ҷавонзани қоматбаланди зебо аз ин амали духтарчааш ба завқ омада механдид, шояд шумо низ хонандагони азиз инро як ҳодисаи маъмулӣ гӯед. Ман ҳам шояд ҳамин хел мегуфтам, агар ҳодисаи мудҳиши ба сари хоҳарам омада намебуд… Ёди Шоҳписанди нозанину он рӯзҳои сангин боз маро домангир шуд ва қарор додам, сарнавишти талхи ӯро менависам…

    Тӯҳфаи Худованд

Гузаштагони мо аз Самарқанди бостон ба Тоҷикистон омадаву ин ҷо зиндагӣ намудаанд, волидонам аз ашрофзодаҳои Самарқанд, ҳар ду духтур буданд. Дар оилаамон ҳамеша покизагию маърифату ахлоқи воло тарѓиб мешуд, ману додарам Манучеҳр дар чунин фазо ба воя мерасидем. Ҳар ду аз пайи касби волидон рафта, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудему модарам дар синни сиву нӯҳсолагӣ духтарча ба дунё овард. Хурсандии моро ҳадду канор набуд, гирди хоҳаракам парвона будем. Ҳамон солҳо китоби Ҳилолиёни Аскар «Ашки сари мижгон» нашр шуда буду қаҳрамони асосии он Шоҳписанд ном дошт. Ман, ки ин асарро зиёд дӯст медоштам, пешниҳод кардам, ки номи хоҳаракамро Шоҳписанд монанд.

Шоҳписанди мо он қадар зебову дилоро буд, ки ногуфтанӣ, кокулакони тиллоии ҷингила, рӯйи гирдаи сап-сафед, лабакони мисли гулбарги навшукуфта гулобиранг, Худованд ин қадар зебояш офарида буд. Мо ӯро зиёдтар аз ҷонамон дӯст медоштем. Дар ҳамсоягиямон як кампири тоторе мезист ва ҳамеша Шоҳписандро дуохонӣ мекард, сиру испанд дудаш медод ва мегуфт, ки аз ҳусни ҳамин духтар метарсам. Мо ҳама механдидем ба гапҳои кампирак, бехабар аз он ки ягон сухани ашхоси калонсол беҳуда нест. Онҳо ҳама панду ҳикматашонро аз таҷриба мегӯянд. Зиндагии хуби мо чун дарёи софу зулол дар маҷрои худ ором равона буд….

   Ситораи хонадон

Шоҳписанд рӯз ба рӯз қад кашида, зеботар мешуд, дар хонаи бачаҳову дар мактаб низ ҳама ӯро дӯст медоштанд, зеро бар замми зебоӣ донову боодоб ҳам буд. Ману додарам донишгоҳро хатм кардем, ман бо писари ҳамсояамон, ки дар донишгоҳи ҳавонавардии Маскав мехонд, номзад будем. Баъди хатм кардани донишгоҳ тӯямон баргузор гашт ва пайи ташвишҳои зиндагии хеш шудем. Мо ду сол дар Маскав, баъдтар ба Тоҷикистон омада, ин ҷо зиндагиямонро давом додем. Додарам низ ба духтари дӯстдоштааш хонадор шуд. Шоҳписанд, ситораи хонадонамон бошад, дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд. Дар синфи панҷу шаш, аллакай ширинӣ мепӯхту хӯришҳои лазиз тайёр мекард. Ба зани додарам ёрӣ мерасонд, ҳама аз одобу ахлоқу ширингуфтории ӯ хушнуд буданд.

Рӯзи зодрӯзи Шоҳписанд барояш занҷираи тиллое харида, ба табрикаш шитофтем, ҳамроҳи ҳамсару писарам. Рӯйи ҳавлии зебои падарӣ мизи зебое ороста буданд, Шоҳписанд дав-давон ба пешвози мо баромада, маро гарм ба оѓӯш гирифт, ҷиянчаашро бӯсаборон кард, язнааш ба дасташ як миқдор пул дод, аз шарм суп-сурх шуда, “не, намегирам, ана занҷира овардед ку” гуфт. Аммо шавҳарам, ки ӯро мисли хоҳараш дӯст медошт, “ин тӯҳфаи ман ё кам-мӣ”, гӯён шухӣ кард… Шоҳписанд раҳмат гӯён, онро аз дасти язнааш гирифту шодона моро сари миз хонд.

Аҳли оила ҳама сарҷамъ буданду падарам наметофт, чун аз модарам пурсидам, бо ханда гуфт, ки тӯҳфахарӣ рафтанд. Дигар аҳамият надодам ва баъди чанде падарам омаданд ва аз пушти мошинашон як қуттии картонии сабзро гирифта, рост пеши мо омаданду онро ба замин гузоштанд. Падарам бо меҳр ба Шоҳписанд нигариста, ба қуттӣ ишора намуданд, хоҳарам рафта онро кушоданд, даруни қуттӣ сагчаи сап-сафедаки зебое винг-винг мекард…

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД